Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сару солори тоифа назди сипоҳи Искандар ҳозир шуданд ва муддате нагузашта дарёфтанд, ки андар доми тазвир омадаанд. «Ва ин замон ваҳшати бузурге ба сарварони
1 қабоил чира шуд.»
Тоифаи одаткарда ба бозгирӣ, ки ҳатто шоҳони ҳахоманиширо озод аз пардохти роҳдорӣ намекард ва ин тангнои махуфро барои хеш маъвои безавол медонист, дўғу даранг ба Искандари ноошно низ кард. Он рўз, ки гуфтугў бо фиристодаҳои қабоилу шоҳи мақдунӣ шуд, кӣ будани онҳоро роҳбаладҳо ба Искандар фаҳмониданд. Искандар аз макру ҳияли роҳзанҳо огоҳ гашт ва инак овезад бо эшон…
Ончунон овехтанд, ки замин рангин шуд аз хун; барфи сапед сурх гашт. Гирўдори сарбозони ду тараф ва садои чакочуки шамшерҳо ва сипарҳо аз шахҳо бармегашт. Пуштаҳо рўйиданд аз куштаҳо. Шоҳ Искандар дар ягон ҷанг чунин бераҳм ва хунхор набуд: «Ин тоифа аз қабили инсон нестанд, роҳзан ва муфтхўранд.»
Ғазаб кард ва хеле тунд шуд. Шоҳи ҷавон, ки муддате чанд шаҳрҳо ройгон ба даст меовард ва чунин зиддиятро, ноҳурматиро чашмдор набуд, ҳама шўру шарро ба сари қабила рехт:
— Манора бисозед аз каллаи ин бекаллаҳо!
Устоди ў Лисимах, ки чунин ғазаб кардани Искандарро надида буд, пеш омад; гарчӣ медонист дар чунин ҳолат бо ў сухан кардан суде надорад, нарм сурфид:
— Ё Искандар, дуруст фармудӣ: аз сари ин бесарҳо манора бояд сохт, вале бузургон рой додаанд: «Дар миёни кўҳҳо аз калла манора сохтан зеб надорад.» Калламанораро дар ҷое месозанд, ки чаҳорсў бошад ва ба чашми мардум тобад. Бигузор ин корро худи ин ваҳшиҳо бикунанд; на шоҳи мақдунӣ, на шоҳи Осиё.
Искандар чизе нагуфт. Биандешид. Ба бузургону сарбозон нигарист ва аз чеҳраву рўҳияашон дарёфт, ки ҳама ёри сухани Лисимах ҳастанд. Пазируфт.
Овозаи бераҳмии малик Искандар ба гўши модари Доро Сисигамба расид: «Он қадар ҷанги шадид шуд, ки хуни гарм барфи сардро зуб кард.»
Сисигамба пиндошт Искандар бо писараш Доро овезад. Рафта пеши пойи ҷавони золим ва бераҳм зону заданӣ буд, то шафқат кунад. Ин замон намояндагони тоифа оварданд, ки набарди Искандар бо қабоили уксҳост ва аз модари Доро хоҳиш карданд, то миёнҷӣ шавад.
Сисигамбаи бомулоҳиза дергоҳ андешид, то чӣ бикунад. Зеро барои илоҷи кори писараш назди шоҳи мақдунӣ сар хам накарда

  1. Яке аз ҳамсафарҳои Искандар Ориён навишта.
пешина
аз 391
навбатӣ