Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

буд; модар ройу ният ва орзуи Искандарро медонист. Медонист, ки дар ҳеҷ вазъ аз роҳаш нагардад ва бо гуфти касе рафтор накунад: «Равам ё наравам?» Ҳар чӣ бодо бод! Бирафт.
Ҳанўз Искандар бо уксҳо гуфтушунид накарда рў-рўйи барфи сапед касе меомад, ки сияҳпўш буд ва биниву даҳон бо рўймол баста. Танҳо чашмони хаставу фурўрафтааш метофтанд. Аз дур чашмони он кас ба назари шоҳи ҷавон зебо намуд. Ранги сиёҳи пўшоки ў ва ранги чашмонаш аз сапедии барф аҷибтар метофт.
Чун пештар омад ва наздик ба шоҳ шуд, Искандар зан будани ўро донист. Сарбозону ҷондорони шоҳ ўро боздоштанӣ шуданд, шоҳ ишора кард, то кордор набошанд. Зан наздик омад ва лигоми асби ў бидошт.
Искандар ҳайрон шуд, ки чӣ гуна ин зан тавонист лигоми асби ў боздорад ва шамшери охтааш бишканад. Ҳарчанд Бусефали беқарор сум мекўфт ва аз ду сўрохии бинӣ ду фағона дуд мебаромад; майли ҷилав рафтан дошт, савораш тавонист афзори он бикашад.
Нафаси худи Искандар аз нафаси асб камтар набуд. Нафаси зан низ. Аммо рўймоли ба лабу бинӣ баста фағонаи ҳаври даҳону бинии ўро бозмедошт. Чашмони фурўрафтаи ўро шоҳ бидид, шамшер бозӣ доронд. Сисигамба пиндошт ҳолӣ гардан хоҳад зад ўро ва ниёзаш ногуфта хоҳад монд. Ин кўҳистониҳои сода, ки ҳама чизро рост ва осон мепиндоранд, мисли ин мурдаҳои сари роҳ гарданпарида хоҳанд шуд. Ҳоло зан мурдаҳои рўйи барфро дида ваҳшаташ гирифт, вагарна худ пой бар онҳо ниҳода омада буд ва аз он ки чашмонаш ба шоҳ дўхта буд ва боло нигоҳ мекард, куштаҳоро надид.
— Кистӣ, ки лигоми асби шоҳ дорӣ?
— Модарам, модари шоҳ Доро.
— Чӣ иддао дорӣ?
— Ё Искандар! Агар ҷанг бо писарам доштӣ, наздат наомада будам. Чун бо бепаноҳон овехтайӣ, пешат омадам. Мардум туро чун писари Худо донанд… Шаъну шарафатро паст назан. Бидон, ки ин тоифа аз сиёсат дуранд. Дар ҷаҳон чӣ рўйдодҳо мешавад, хабар надоранд. Ҳолиё омадани шоҳи мақдунӣ ва гурези шоҳи Порсро намедонанд. Ва онҳо зўру тавони бо сипоҳи мақдунӣ овехтанро надоранд. Пиндоранд чун ҳамеша сипоҳи Порс аз ин гузаргоҳ убур мекунад, бози роҳ талабидаанд. Пўзиш бикун.
Искандар, ки то анҷоми сухани Сисигамба пайкараш меларзид, баробари лигом раҳо карда, зону задани модар пиёда шуд ва зуд аз бозувони ў дошта бардошт:
— Бархез, модар… Ин хоҳиш ба он наарзад, ки пеши ман зону занӣ. Ман надонистам, ки онон кистанд. Гумон кардам пайкашон дурўғ гўяд ва фиреб диҳад. Хаёл кардам бо сипоҳи Порс меҷангам.
Охир юнониён фиребро дўст надоранд; мақдуниён низ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо