Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва онҳо чун омадану дар ҷанг иштирок доштани Искандарро диданд, ишора ба паснишинӣ карданд, вале тириён на омадани Искандарро диданд ва на ишораро сарфаҳм рафтанд. Вақте то диданду донистанд, ки дер шуда буд. Бисёр киштиҳо аз кор баромаданд; белҳояшон шикастанд, сўрох шуданду ворафтанд, тахтаҳояшон шикаст, нохудоёнашон мурд, дасти белзанҳо шикаст, сарашон парид, танашон ба об рафт; сафинаву заврақҳои зиёд ғарқ шуданд. Киштиҳои бесоҳиб, лангарбардошта чун равғани рўйи об ба ҳар сў паҳну парешон гаштанд. Танҳо чанд киштии башумори тириён тавонист баргардад ба бандар. Искандари доно, ки медонист сари мор кўфтанро ва аз оҳани тафсон шаклҳо сохтанро, дунбола гирифт тириёни гурезонро. Вале чун ба сараш тир борид, натавонист даромадан ба бандар. Тамошобинонро чунин бозӣ хуш наомад. Ғамӣ гаштанд, бахти бади хешро дарк намуданд.
Аз сари бораҳо, буни деворҳо, равзанаву дидгоҳҳо дилшикаста хешро пас кашиданд. Овозаи дар барр ҷангидани Искандарро шунида буданд, аммо андар баҳр чунин ҷангиданашро надида буданд, ки диданд…
Баҳри Миёназамин баҳри «Сурх» гашта буд. Мелаппид ва хунро меполид, бо хасу кафку партовҳо мавҷ дар сари мавҷ мебурд сўйи соҳил. Дарёи хурўшон дамида буд. Тўфони сохтаи худованд ба миён омад. Киштиву заврақҳои зиёдро чун мурдаҳои ҳаром ба карона афканд.
Искандар ба танг омада буд: мўйи сари зиреҳдораш болосо барафрошта шуд, абрўвонаш дамиданд, пўсти рўяш низ чун хамири расида дамид, ранги офтобхўрдааш канд, зардча тобид ва худаш кўҳансол намуд, ки пиртар аз Мақдуниё бошад; чашмони зираку зиндаву тезаш ниммурда ва кунд тофтанд. Ҷавонмарди зебо пири зишт гашта буд; бинии рости юнонишаклаш низ варамида буд.
Беқарорӣ надошт, балки орамида, хамўш, паҳлўзада ва хеле хаста метофт… Ин ҳама на аз ҷанг, аз таҷангии тириён ва қайсарии эшон буд. Шоҳи ҷавон чунин чашмдор набуд, ки аз Мағриб то Шарқу Ҷанубро осон гираду дар як ҷазираи хурд ба чунин зиддият ва рўзи сахт дучор ояд. Торҳои асабаш мисли рўдаторҳои таранги дутор кашида шуданд, ки каме аз иқтидораш зиёд навозанд, гусаста гардад… Искандар ин лаҳза ҷангидан нахоҳад, балки нафрин хонад ҷангро. Танҳо ва осуда будан хоҳад, вале…
… вале имкон надорад. Касе ўро ҳуқуқ надиҳад, то чунон кунад. Ва боз Аминта шодон мегардад. Ҳама медонистанд, ки дар чунин лаҳзаҳо назди шоҳ шудан лоимкон аст; ҳарфи ноҷо ба гўшаш нафорад, ройсозиву ройзанӣ суд надорад. Беҳ бувад ўро ба ҳоли хеш гузоштан.
Барзин низ баромад аз пардасаро маҳзун. Ўро ба заврақе нишонда назди модараш ба шаҳри куҳан Палетири вайрона бурданд, ки андар хаймаҳо зиндагӣ доштанд. Чун Искандар ба худ омад, Барзинро талабид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё