Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Бозовардандаш. Андар саройи бандар. Барзин дили шоҳи ҷавонро фараҳ бахшид. Искандар гуморид, ки дар олам беҳтар аз ин муҷассамаи ҳусну малоҳат чизе нест. Аммо Барзин ғарора кард ва табъи шоҳро хира. Искандар ўро беназокат ва бефаросат донист, ки назди шоҳ беодобӣ мекунад. Ва Барзин аз чеҳраи шоҳ ин чизро хонда, бурун аз пардасаро рафт. Шоҳ Искандар харпанҷа зери сар гузошта, рўболо ёзид ва ба андеша рафт, ки зани зебову нозанин низ рафтори нохубе кунад, ҳуснаш бикоҳад.
Барзин дуртар аз саройи шоҳ рўйи рег ғарора дошт ва касе набуд, ки дарди ўро бифаҳмад ва сарашро сахт дорад. Реги тафсони карона лиҳобе, ки аз лабони Барзин мечакид, фурў мекашид: вале чизи дигаре аз гулўи зан бурун намеомад.
Ва Искандари таълимдида аз аламу ғаши нобарории ҷанг андар саройи хеш хашм гирифта буд бар ҳама чиз. Андаруни ў низ такорў шуда ва беҷо гашта, гўйӣ ҳолиё ҳама хўрдаҳо аз даҳону бинӣ бурун меояд. Ба сараш зад, ки ягон чизи ноҷо нахўронда бошанд ва ё касе ба косааш заҳр начаконда бошад. Аз ин хотир пардаи саро бардошта нигашт сўйи Барзин, ки долсурат – саҷда Заминро карда; ё ба гўши Замини пиру таҷрибаандўхта чизе мегуфт ва ё асрори Оламро меҷуст аз миёни регзор, ё худ зараҳои миёни регро чида тақдим ба Искандар карданӣ буд, ки бигирад, агарчӣ чашмаш серӣ надорад, ақаллан ҷайбаш пур шавад. Хидматгузоре чунин ҳолу ҳолат дида, аҷабаш омад ва об аз чоҳ овард, то дасту рўй ва лабу даҳон тозаву тамиз кунад. Аммо Барзин хидмати ўро напазируфт, балки обкосаи дасти ўро гирифта дуртар рафт, то қай накунад. Обкоса андар дасти чап сари пой нишаст, дерёз сукут варзид; косаро дудаста бидошт. Пасон аз ҳолат бирафт, ки нишаст бар рег, коса паҳлўи чап гузошт ва сари хеш дудаста дошт; сахт ҷафид; ки чунин накунад, кафад.
Искандар пардаи саро андаке бардошт ва Барзини танҳоро дуртар рўйи рег нишаста ва дастбарсар дида, ҳайрон бишуд ва баромад аз пардасаро; биомад назди ў.
— Чӣ шуда, Барзин?
Барзини сахтҳол рў ҷониби шў тофт ва табассум кард. Искандари дар шигифт монда аз чунин кирдор олуғда гашт чу шағоли луқма аз даҳонаш рабуда ва дандон тез кард, ки зан ба ҷойи шарм доштан сўйи ў механдад. Такрор кард: «Чӣ шуда?»
— Искандар шуда!
— Искандар шуда?
— Оре, Искандар шуда…
Ва ба пойи шавҳар афтиду оғўш кард сахт. Искандар бардошташ хам шуда аз замин ва рўйи даст ба пардасаро даровард.
Рўйи тахти сафар хобонд. Дастмол тар карда лабу рўйи ўро пок кард ва пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё