Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Ҳамин тавр. Лекин инҳо тоифае ҳастанд гўспанду буду гову асб парваранд ва ҷуз ин пайдое надоранд. Ва ягона судашон ин аст, ки аз бузургони роҳгузар боз ситонанд.
— Бале, онҳо шохношикастаанд…
— Онон низ хироҷ диҳанд.
— Киро?
— Шоҳи Эронро; асб, гов ва гўспанд диҳанд.
— Ҳар сол чӣ қадар асб, гов ва гўспанд диҳанд?
Модари Доро Сисигамба гуфт:
— Ҳар сол як сад асб, понсад гов ва сӣ ҳазор гўспанд диҳанд шоҳи Эронро. Ин хироҷи яксолаи минтақаи уксҳост. Чун пул надоранд, хироҷро ҷинсӣ адо кунанд.
Искандар пурсид:
— Агар соли офатҳо ва нобарориҳо бошад?
— Он гоҳ подшоҳи Эрон ин қабиларо аз пардохт озод ва халқро маъоф кунад.
Искандар биандешид гуфтаҳои Сисигамбаро. Муассир аз ҳама он буд, ки модар «агар ҷанг бо писари ман буд, аз малик Искандар хоҳиш накарда будам» гуфт, вале барои ин тоифаи ноошно зорӣ дорад. Искандар рў ба сипоҳу ғунд овард:
«Бо ин ки ман забони ин занро бидуни тарҷума намефаҳмам, эҳсос мекунам, ки зане баландпоя аст.» Ва Искандар модари олимартабаи хеш Олимпиадаро пеши назар овард ва сари Сисигамбаро ламс кард: «Парво накун, модар, ҳама чизро пайдо кардан имкон дорад, аммо модари гумкардаро пайдо кардан имкон надорад…»
Ва бар зини Бусефал нишаст. Аз рўйи ҷасадҳои пушта-пуштаи кўҳистониён асб монда гузашт ва бо роҳи пурбарф мерафт.
Ҳаври даҳону бинии асбону саворони пурташвиш ва сарбозони пиёда тори пуштаҳову роҳро абрсон пўшиданд ва пуштаҳои кушта зери дуд монданд.
Ва шоҳи ҷаҳонхоҳ дарёфт: метавон бо ду роҳ сўйи Эроншаҳр рафт: яке роҳест ҳамвори аробагард, ки гардуна тавонад паҳлўи ҳам равад ва дур аст; дигаре роҳи тангу мушкилгузари кўҳистон, ки кўтоҳ.
Искандари солҷавони пирдон ҳар ду роҳро пазируфт: бо роҳи дури аробагард гардунаҳо, манҷаниқҳо ва арродаву дастгоҳҳои деворшикан ва дигар аслиҳаҳои гаронвазнро; занону бонувон, гетерҳо, инчунин фавҷҳои гаронсилоҳро фиристод ва худ бо ҷанговарони шуҷоъ, дўстон, камонварон, найзадорони савора, таҳамтан ва диловарони далеру тавоноро ҳамроҳ гирифта ба роҳи сангини кўҳистон раҳ сипард. Роҳҳо ба Эроншаҳр мебурданд.
Муроди Искандар он буд, ки зудтар расад ба он ҷо, то Дорои Саввум қувва ҷамъ карда натавонад ва ганҷи хазина набарад.
Ҷодаи пешгирифтаи Искандар кўрроҳа буд, ки гоҳе ба қаър мебурд ва гоҳе ба қулла.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо