Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Замоне гарданаҳоро убур мекард; оне дар хамгаштҳо хавфе ба миён меовард; баъзан канори шаху харсангҳо танг ва сутурногузар мешуд ва азобу машаққат меафзуд.
Лашкаркаш ду соат вақт дод ҷиҳати истироҳат. Сарбозон миёни кўҳи барфгир ва шахҳои баланди самосо ёд аз ёру диёр мекарданд, вале илоҷи бозгашт надоштанд. Агар баландтар ҳарф зананд, шахи Нидо такрор мекард ва шояд гилаву гузори миёни сарбозон ба гўши шоҳ мерасид. Аз ин рў сурўдхонӣ мекарданд.
Сарбозе отинӣ, ки пайкараҳои ҳамдиёрони қотили ҳақҷўро дида буд, ёд аз ватан кард:

«Отина бо гесувони тиллойӣ,
Як коса шир дар даст,
Канори дарё нигарони ошиқи худ аст.
Отинаро бигўед, аз гиря худдорӣ кунад,
Зеро дубора ошиқи худро нахоҳад дид!»

Ин овози юнонӣ ба ҳамроҳонаш чандон таъсир накард, ки сарбозони дар ватан маҳбубаи зебое ё зану маъшуқае ва ё нисбату номзаде дошта худдорӣ карда натавониста, чашмонашон об гирифт. Ин сурўд Искандари ҷавону ватанпарастро низ бетаъсир намонд. Ва ў роҳбаладро пеш хонда пурсид:
— Дар пеш боз дараҳои махуф ва тангноҳои саъбулубур ҳаст ё на?
— На, шоҳи ҷаҳон! Дар пеш Эроншаҳр аст.
Искандар савори Бусефали рамузфаҳм ва тановару зўр ба тангное расид, ки сангрез шуд ва ба сарашон тир борид.
Роҳ баста буд. Аз миёни талоя шайпури хатар навохта шуд.
Чунин воқеаи ногаҳонӣ Искандарро хашмӣ кард ва роҳбалади дурўғгўро, ки андаке пеш роҳ бехавф гуфта буд, ҷўё шуд.
Ў пайдо нагашт. Баъд хашм ба сарбози сурўда гирифт, ки садо карду душманро огоҳ.
Чун тирборон шуд ва сангҳо пайи ҳам паридаву чархида меомаданд, мақдуниён донистанд, ки болои сарашон сарбозони зиёди адў вуҷуд доранд. Искандари ҷавонсоли пирхирад сарбозонро фармуд:
— Биравед, миқдоре тир биоваред!
Сарбозон бирафтанд ва дере нагузашта тирҳои ба рўйи роҳ рехтаро хапак-хапак чида оварданд. Искандари доно тирҳоро аз назар гузаронд. Пайкон ва чўби он тирҳоро сохта дид ва гуфт:
— Гумон надорам, ки ин аз тиркаши сипоҳиёни Дориюши Саввум ҷаста бошад. Зеро тирҳои давлатӣ аломати махсус доранд… Эҳтимол онҳое, ки роҳро ба мо бастаанд, қувваи ночизи ин мавзеъ ва роҳзанҳо бошанд!

пешина
аз 391
навбатӣ