Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун дўстон сари тасдиқ ҷунбониданд, шоҳ шерак гашт ва амр кард:
— Биравед ва бидонед, ки онҳо кистанд ва чӣ хоҳанд?!
Фиристодаҳо бирафтанд ва роҳбалади тозакору пешгард садо дардод:
«Ҳо-ҳо-ҳо!!! Тир мазанед!»
Садояш андаруни кўҳ рафт ва такрор шуд: «Ҳо-ҳо-ҳо… ҳо-ҳоҳо…ҳо-ҳо-ҳо!!!» Пасон хомўш гашт. Марди роҳшинос боз садо дардод: «Огоҳ бошед! Искандари бузург моро назди шумо фиристод…
Мехоҳад донад, ки шумо кӣ ҳастед ва аз ў чӣ хоҳед?!»
Аз паси харсанге марде кулаҳпўш сар боло кард. Хўдкулаҳаш фулузӣ буд ва бар дўш пўстаке дошт:
— Мо аз касе чизе нахоҳем! Ватандор ҳастем, ватанро дифоъ кунем!
Роҳбалад, ки забони ўро мефаҳмид, садо дод:
— Ҷавонмард – Искандар гўяд: агар боз меситонед, ў пардозад!
— Кист Искандар?
— Шоҳи Мақдуниё ва ҳолиё шоҳи Осиё!
— Искандарро бигўед: моро боз лозим набувад! Ва боз бигўед:
аз кадом роҳе омада, бозравад!
Роҳбалад пурсид:
— Чаро роҳро бастаед?
Он мард посух дод:
— Ватандор ҳастем, хоҳем, роҳро бандем, хоҳем, кушоем! Ва майл надорем, ки бегона хоки моро пой ниҳад!
Роҳбаладу сарбозон чун диданду дарёфтанд, ки матлаби сокинон равшан ва бо эшон забон ёфтан душвор аст, бозгаштанд ва ҳамаро ба Искандар якояк гуфтанд. Шоҳ чун паём шунид, амр кард:
— Биравед ва он сангсаворро бигўед, ки барои хеш ташвишу заҳмат нахарад! Агар бо хубӣ моро роҳи гузар диҳад, касеро коре надорем! Дар акси ҳол, ноилоҷ ҳастем, ғазаб бикунем, теғ кашем, хун резем ва убур кунем!
Чун фиристода амри Искандар ба он марди пўстакпўш расонд, посух гирифт:
— Мо аз дўғу ғазаби касе натарсем! Мо нагузорем, ки бегонае вориди хоки кишварамон гардад! Оё бегонае пой бар вилояти шумо гузорад, ўро роҳ диҳед?!
Ба ҷойи балад, ки ба гуфтани сухани зер забонаш намегашт, юноние посух бидод:
— Агар бегонае мисли шумо пой бар кишвари мо наниҳода буд ва Отинро харобот накарда буд ва диж оташ назада буд, мо имрўз ин ҷо набудем!…

пешина
аз 391
навбатӣ