Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Ва набошед! – дар қаҳр шуд пўстакпўш: – Баҳс бо ман накун!
Бирав бо оне гўй, ки пойи номуборак бар хоки ту ниҳода! Онҳоеро, ки мегўйӣ, номашонро нашунидаам ва намедонам кистанд.
Бирав бо роҳе, ки омадӣ!!!
Фиристодаҳо ночор баргаштанд. Чун Искандар аз посухи марздорҳо огоҳ гашт, рў ба сипоҳи хеш овард:
«Ҷамъ шавед!»
Ва ҷой гирифтанд андар дара. Вале чун дара пурхавф метофт ва гузаргоҳе надошт, ногумон ақибнишинӣ карданд. Ба назар асбҳо чун гардунаҳои ҷойи гашт надошта пас-пас мерафтанд; дар асл пас-пас мерафтанд барои фиреби кўҳистониҳо. Ақиб рафтанд ва то ҷое расиданд, ки дара фарох мешуд ва кўҳҳо паст. Искандар
1 сипоҳ боздошт ва маҷлис кард. Таксиарх Кратери озодаву олуфтаи хушлибосро пеш хонд; ҳамонро, ки аз ҷанубиҳои Юнон буда, олуфтаву ағоча мегашт ва баъзан каси бори нахуст дида сураташро аз сурати зан фарқ карда наметавонист. Чун тановар буд ва варзида ва гашти ялона дошт, мард буданаш дарёфт мешуд.
Вагарна мўйи сиёҳи то дўш парешонаш, ки рўйи сапедашро мепўшид, зансураташ нишон медод. Ва бештар сарбозони тозаворид ҳаваси зебойӣ ва тановарии ўро карда, гесў дароз мегузоштанд, бо варзиш мепардохтанд, мисли ў аз зери афзори ҷангӣ хафтон напўшида, бозувони бараҳнаашонро нишон доданӣ мешуданд, вале ҳеҷ ба ў баробар намеомаданд. Ва бархе тақлид Искандарро мекарданд: мўйи кўтоҳ мемонданд ва қиёфа хеле ҷиддӣ мегирифтанд. Ин рафторро касоне мекарданд, ки чун Искандар чашмони обӣ доштанд ва мўйи малла. Вале чун Искандар ҷавон буду чобуку чолок ва шербас, монанд шудан ба ў хеле душвор ва ё лоимкон буд. Худованд якто сохта ўро. Аз ин рў ў чунон вонамуд мекард, ки тановар аз ў касе нест ва зўртар ва чолоктар ва тунду тезтар ва ҳушёртар ва донову хирадманду бахтиёр. Хешро чунон меангорид, ки таҳамтан аст ва ҷуз Бусефали пўлодсум асбе вазнашро бардошта натавонад ва гар савор гардад, миёнаш бишканад. Ва дар нотарсиву шуҷоат касе баробар нагардад бо ў: дар қаҳрамонӣ
– Геракл, дар шамшерзанӣ – Ахилл, дар девкушӣ – Зевс ва дар таҳаммулу накўкорӣ – Аммон…
Ва ҳолиё миёни кўҳҳо меҷўшад дар ҳавои сард; пиндорад, ки шамшераш буррад кўҳҳоро ва гурзаш рег гардонад шахҳоро.
«Ай таксиарх! – ба Кратер рў овард ў, – Мо набояд ин раҳзанҳои бехирадро ба ҳоли худашон гузорем! – ва рў ба ҳама овард: – Дар чунин ҳолат бо онҳо ҷанги рўёрў карда намешавад.
Кратер, ту бо фавҷи хеш ин ҷо бош! Ман бо «Дўстон» ба кўҳ мебароям ва аз пушти он ватандорҳо меравам. Чун ба гардана
- Таксиарх – сардори таксис. Таксис – фавҷи пиёда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо