Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

расидам, ишораи овард мекунам ва ё шайпури ҷангӣ навохта мешавад. Ту бояд ҳамзамон ҳамлавар бишавӣ…»
Пазируфтанд маслиҳат. Искандар сўйи гардана бирафт ва Кратер бо дастаи хеш дар ҳолати ҳозирбош истод. Посбонҳои талоя низ ба гардана фиристод, то ҷо-ҷо дидбонҳо дар масофаи ду партоб, ки ҳамдигарро дида тавонанд ва шунида бошанд, қарор бигиранд. Талоя пайваста пайғом медод аз вазъи гардана ва пешрафти Искандар.
Шом шуд. Искандару ёронаш пушти кўҳ гузаштанд. Рўдхонае пеш омад, ки оби зиёд дошт. Искандари эҳтиёткор, ки аз рўйи нақшаҳои ҳарбӣ ҳама вақт тоифаи ҳунармандонро ёр мегирифт, ин дафъа кўҳканҳо ва муҳандисони роҳсоз ва пулсозро ҳамроҳ гирифт.
Пулсозон бо ёрии сарбозон ба кор часпон шуданд ва дар андак муддат пули ларзон бисохтанд, ҳам одам мегузашту ҳам асб.
Фавҷи мунтахаби Искандар бо азоби алим кўҳро давр гашта шалпару лакот ва хоболуд ба гарданае расид, ки ҳимоятгарони ватан мавқеъ доштанд. Вале дар торикӣ, гарчӣ сапедии барф ҳар сиёҳиро ошкор месохт, касеро намедиданд. Субҳи козиб андаке равшан кард фазоро. Сарбозон рўз гумон карда аз паси сангҳои гардана ба мавқеи душман менигаристанд ва омода буданд ба набард. Вале якбора зуд фазо тираву торик шуд. Ҷо-ҷо қарор истоданд. Гумон доштанд андаке фароғат кунанд, фурсат нарасида, субҳи содиқ дамид. Искандари шитобкор низ намехост фурсат аз даст диҳад ва дади ба дом омадаро раҳо созад. Аз рўйи масоҳаи тайкарда ва касеро дучор наомадани сипоҳи гузида Искандар дарёфт, ки ҷанговарони паси сангҳо чандон зиёд нестанд ва барои барҳам задани онон вақти тўлонӣ ҳам зарурат надорад. Бояд ба сари онҳо аз сари харсангҳо ва буни шахҳо тохт… Даммарўз Искандар амр кард, ки оварди мардона бояд кард; сафи дурўя кашанд бо душман ва ҳарб кунанд. Аз ин рў садои бўқу кўс дардоданд, то фавҷи Кратер бишнавад ва нигаҳбонҳо даҳон ба даҳон диҳанд, ки вақти овехтан расида.
Чун оҳанги ҷанг боло шуд, тоифаи роҳдор, ки шарту гуфтугўи Искандар нагаравида буд, дар ҳайрат монд ва чашм кушода дид, ки аз ду тараф иҳота гаштаанд. Чун онҳо рў ба роҳи дара ва гардана доштанд, аз пайдо гаштани душман аз паси сар моту мабҳут монданд ва надонистанду натавонистанд чӣ кор карданро.
Тамоми шаб Искандару Кратер нахуфта буданд; роҳдорҳо низ.
Аз ин рў душманро «наомад» дониста дами субҳ пинак рафтанд; чун мақдуниён онҳоро ғофилгир карданду огоҳ аз оғози ҷанг осемасар шуданд. Зеро пиндошта буданд, ки сипоҳи ақибнишастаи душман шабохун нахоҳад зад. Ин замон хешро миёни обу оташ дарёфта, мавқеъ дигар карданӣ шуданд ва сўе майл карданд, ки монеъа набуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо