Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Коллисфени таърихнигор ва дигар нигорандагони оварду пархошҳо низ диданд, ки офтобзард ҷанг сар шуд. Садои бўқу табл фавҷҳоро огоҳ аз ҳамлаи баробар кард. Ва Искандар аз ҷониби шарқии роҳдорҳо ва дастаи муттаҳидаи Кратер аз сўйи Мағриб ҳамлавар гаштанд. Дастаи фолонижӣ, ки ба ҳар ду фавҷ тақсим шуда буданд, чун юзу паланги нахчиргир аз паси харсангҳо ҷаста, ҳуҷум оварданд. Овехтан дар шароити кўҳистон мақдуниёнро осон набуд; ниҳоят боэҳтиёт овард мекарданд. Ҳамлаву ҳуҷумашон чунон ногаҳонӣ буд ва ғайричашмдошт ба вуқўъ меомад, ки кўҳистониён натавонистанд сангҳои диёри хешро сипар созанд.
Нобуд мешуданд барбеҳуда.
Ҷанг дар тори кўҳ буд ва андар зер рўд ҷорӣ мешуд. Садои аз боло ба паст рехтани шаршарҳо меомад. Шаб, ки ҳаво кушода буд, субҳ ниҳоят сард омад ва ҷо-ҷо яхбандӣ дида мешуд.
Ба муқобили сардиву яхбандӣ оташи ҷанг даргирифт. Ончунон овард шуд, ки баъзе сарбозони аз тори шаху кўҳ воруна гашта ба қаъри рўд мезаданд ва ё андар зову дандонаи шахҳо андармон мегаштанд, ки пайдо кардану гирифтанашон дар гумон буд. Користони кўҳӣ мушкилоте дошт ва рўйи сангҳои сарду кошабаставу лағзон пеш рафтан азобе. Баъзан кўҳистониёни баору номус маргро аз асириву шиканҷа авлотар дониста, худро аз тори кўҳ ба қаър партоб мекарданд. Ҳалқаи иҳота торафт тангтар мешуд ва кўҳиён ба ҳар ҳила ба даст меафтоданд: мақдуниён баъзеро аз
1 пушти санг омада даҳан мебастанд, дигареро бо ноҷах тахтапушт сўрох мекарданд, саввумиро бо дупайкон, инчунин бо душоха зада ва тори сар бардошта ба зер меафканданд. Ҳеҷ кас аз тири дупайкон нараста ва назиста. Аз ҳама хавфнокаш шамшери тез буд, ки сарҳои паррондааш миёни сангу ғўту харсангҳо пинҳон мешуд ва касе кадом сарро ба кадом тан ёр карданро намедонист.
Асир низ мегирифтанд. Он қадар шадид буд разму овехтанҳо, ки баъзе сарбозони маккори кўҳистонӣ тахтасанге бар шикаму сарсинаи хеш бор баста, худро мурда месохтанд ва ягон-ягон раҳойӣ низ меёфтанд.
Кор то ҷое расид, ки фавҷҳои Искандару Кратер корзор карда аз машриқу мағриб пеш омаданд ва рў ба рў шуданд андар ҳамворие. Тале буд он ҷо ва канораш ҷангал ва моварои беша фарохное.
Искандар фармуд асиронро пеш оваранд. Миёни онҳо пўстакбардўш низ буд, ки солораш мехонданд; солори гурўҳ. Искандар пеши онҳо накард карру фарр, балки шитобзада аз ў пурсид:
— Чаро моро гузар надодед?
Солори гурўҳ худро ба нодонӣ зада гурез аз посух кард:

  1. Ноҷах – найзаи кўтоҳ.
пешина
аз 391
навбатӣ