Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чун шуморо дидем, ки сапедпўст ҳастед ва дар рўятон мўй надоред, сабил низ надоред, гумон кардем зан ҳастед…
Искандари тундмизоҷ таҳқир донист ва тунд рафт:
— Пас ба ин ҷо занҳо биёянд, шумо бо онҳо ҷанг мекунед?
Солорро миҷа хам нахўрд:
— На! Чун бегона будед…
Искандар сахттар шўрид:
— Ва ҳар роҳгузари бегонаро ҷанг эълон медоред?
— На-а. Чун ба мо гуфтанд, ки ин тоифаро занҳояшон риш ва сабил доранд ва мардҳояшон бемўй мешаванд, донистем, ки шумо мард ҳастед, ҷанг кардем.
Искандар девона шуд ва то даме, ки сухани ўро ба солор ва ҳарфи солорро ба Искандар тарҷума мекарданд, шоҳи тундхў ҳазор бор дасту бозу меҷунбонд ва беқарорӣ мекард:
— Масхарабоз ҳастӣ?
— На, як нафар ҳимоятгари ватан.
Посухҳои солори гурўҳ олуғдатар кард Искандарро. Шамшер аз наём кашид, банди пўстаки дўши ўро бурид ва дод зад:
— Ба қаър андозедаш!
Солор хандид:
— Коре мекунед, ки чун уқоб вақти парвоз дар баландиҳо бимирам.
Искандар ҳайрон шуд аз хандаву гуфтори ў. Ба назараш аҷиб тофт он мард ва даст боло кард, то ҷаллодҳо бозистанд:
— Бардошт! Аҷаб махлуқест ин ҷавонмард… – ва рў овард ба асир: – Бо мо ойӣ?
Солори гурўҳ хандид ва бо ишораи даст қаърро нишон дод:
— На, ман он ҷо равам.
Искандар ҳайронтар шуд, ки чӣ гуна бо чунин шуҷоату нотарсӣ ҷанговарони ин сарзамин размро бой диҳанд. Ба таксиарх Кратер нигарист, бавижа ба Коллисфени таърихнигор зеҳн монд, ки ин ҳолатро чӣ гуна ифода мекарда бошад…

БАНДИ ПАНҶУМ

Искандар як замон андар миёни кўҳҳо намонд. Ончунон шитобзада буд, ки саворонро «пушти зин бихобед!» гуфт. Аммо
пиёдагони бехобу бемадор надонистанд чӣ кор карданро; зеро
хобида роҳ рафтан имкон надошт. То Эроншаҳр боз чиҳилу панҷ
мил роҳ паймудан лозим меомад. Тўли роҳ бешаи анбўҳе вуҷуд
дошт чун ҷангали Мозандарон: ҷо-ҷо сабз ва ҷо-ҷо баргрехта, ки
сари шохҳои бараҳна лонаи бесоҳиби мурғакон метобиданд: ба
ҷойи тухму чўҷа хазон ва барф бардошта буданд. Чун аз миёни
кўҳҳо ба фарохное баромаданд, киштзорҳоро диданд, ки зери кўрпаи барф дам мегирифт ва дарак аз кашоварзии эрониён медод.

пешина
аз 391
навбатӣ