Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Шоҳи тундрав дар ҷое қарор нагирифт ва ғизо хўрданро ҳам вақт надод: «Раҳораҳ ғизо бихўред!» мегуфт. Аҷалааш аз биму ҳарос ва тарсу хавфи Дорои Саввум буд: мабод, ки шоҳи Порс фурсат ёфта артиши пурқувват гирд орад ва ганҷи хизонаи шоҳиро пароканда кунад. Юнониён, ба хусус Искандар, дар бораи Эрону эрониён афсонаҳои заминиву осмонӣ зиёд шунида буданд.
Ва ҳашамату шукўҳи Эроншаҳр дар тасаввури онҳо намегунҷид ва ганҷи хазинаро кашондан ба оби рўдро хушконидан баробар аст. Аз ин рў шоҳи мақдунӣ чаҳорнаъл мерафт, ки пеши ганҷи равонро бибандад, то ба сарбозони ў гарди хазина расад ва боз аз пайи гўри гурезон тавони гурезандарас кунанд. Ў дам ба дам дар рикоб ба нўги пой рост шуда, пешрў менигарист, ки Эроншаҳр метобад ё на. Аз ғазаб, бехобӣ, гуруснагӣ, ошуфтаву парешонӣ ва бухлу кинаварӣ ва шитобу аҷала, ҳирсу оз ва фикру андешаи зиёд шоҳи ҷавон пир метофт. Худ аз худ миёни абрўвонаш гиреҳ заданд. Чин бар ҷабин гирифт ва сари кўҳон шамшер баланд кард.
Искандар набуд ў, балки дар андарунаш каси дигар дар фиғону дар ғавғо афтода буд ва ўро медамонд, мефишорид, меангехт, ба шўру ошўб оварда буд. Аҳриман буд, ки бар сари зин мебардошт:
«Зудтар бирав, тезтак бирав, ки хазина холӣ гардад!»
Раҳо кард инони сиёҳмушкинро; рон афшурд, пошна зад ва нагунҷид дар хонаи зин. Баландтар шуд аз нав бар рикоб. Ҷониби Эроншаҳр менигарист ва гоҳ-гоҳ ба ҷануб гардан метофт, ки фавҷи Пармониён пайдост ё на? Зеро ба тахмини ў, ки ду бор тўли роҳ гирифтори пайкор шуд, дастаи пири корзордида бояд кайҳо ба остонаи Эроншаҳр расида бошад. Чун аз набардҳои ў нақши суми асбонаш нишоне набуд, донист, ки чӣ андоза шитоб кардааст. Ва беҳуда сарбозонро имкони ғизо хўрдан надодааст.
Баъди тапиданҳо ва тохтанҳо ва мағзафшуриҳо се-чаҳор мил дуртар аз Истахр қарор гирифт. Ва ғазаб ба «ландаҳури пир»
Пармониён кард ва воқеаҳои сари роҳи хешро ёд овард: «Шояд ў низ ба монеъаҳо дучор шуда бошад?» Ба ҳар ҳол сипаҳсолор миёни қавии азму ҷазби ўро шикаст. Зеро шоҳ омода буд ба ҷанги шадид. Ба назари ў шоҳ Доро чунин усулро пеш гирифт, ки душманро ба сари хеш оварад: камқувват ва хаставу дамгир созад, пасон домгир кунад. Аз ин рў шоҳи ҷаҳонхоҳ макру ҳиял бикунад чун рўбоҳ, зирак бошад чу мор, тезчангол чу паланг, пешзан чу шер. Ва ин ҷанг на он овард бувад, ки дар Йусусу канори Даҷла ва ё дар кўҳсор рух дода буд. Ў чашм мепўшиду мекушод, то аз ҷонибе чизеро бинад ё дуди ҷадали фавҷи сипаҳсолорро дарёбад, ки бод бўйи хуну гўшти сўхта меорад: «Фардо овардгоҳ оташ хоҳад гирифт; дуд хоҳад печид ба фалак, дижу коху кўшк бояд бисўзад; тоҷу тахт низ… Чунон ки Отин сўхта буд…» Искандар ҳанўз қасди хеш нагирифта аз порсҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо