Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Занги дили юнониҳо ба ҳеҷ моеъ нагардад зудуда; хуни рехтаву баста ба обе нашавад шуста.
Шоҳи мақдунӣ аҳду паймон карда пеши хеш, то қасд биситонад. Кини хуфтаи кинавар баъди дидану фиристодани зари Порс ба Мақдуниё аз нав ба ҷунбиш омад; агар муродаш зар ва подоши воми падар буд, тиллои рабуда ҳазорҳо маротиба зиёдтар аз вом; порсҳоро кушта бешумор; мамоликро кадхудой шуда; буғз кафонда, қасд ситонда… вале кини хуфтааш дар ғафлат монда буд, ки дар остонаи Эроншаҳр бедор шуд…
Сипоҳе намоён шуд аз дур, ниҳоят суст меомад ба пойи корвон ва Искандар муайян накард, ки кист: лашкари сипаҳсолор Пармониён аст ё сипоҳи Порс? Чун аз пеш ҷондоре намудор набуд ва касе ба ҳимояи Эроншаҳр набаромад, шояд Дорои Кудумон найранге сохта бошад. Аз эҳтимол дур нест, ки хайли Пармониёнро барҳам зада ва аз ҷосусон ахбор гирифта, онҳоро пайгир ояд. Омода шуд ба ҷанг рў ба пушт гардонида. Лашкараш саф орост. Чун фавҷи сустгард наздик омад ва лашкари рў ба рўро дид, бозистод. Дирафши зарди ў парафшон буд. Искандар шинохт дастаи пешгарди Пармониёнро ва парчами ҳамранг парафшон гардонд. Ду сафи дурўя шинохтанд якдигарро. Пармониён пеш омад ва танбеҳ аз Искандар гирифт:
— Ай сипаҳсолор, ба пойи сангпушт гом задӣ?
— На, шоҳ, хеле чолок будем, шабаҳи лашкари шуморо дида оҳиста шудем. Биангоштем порсиёнанд.
— Роҳ хатаре надошт?
— На. Вале хеле тўлонӣ буд,
— Ай солори сипоҳ! Бидон, ки роҳи мо кўтоҳ буд, аммо хатари зиёд дошт. Ду бор даровехтем бо ватандорҳо; кўҳҳо ба сарамон гардонданӣ шуданд, вале китфони ин сарбозон кўҳи гаронро боздошт, – ишора ба сарбозони сафороста кард шоҳ. – Мо, ки гирифтории зиёд доштем, пиндоштам, солори дунёдида ва размозмуда сипоҳашро кайҳо пеш бурда. Маҳмез задам; сарбозонро ҷабр кардам – хоб дар хонаи зин доштанд ва ғизо пушти асб мехўрданд. Мурод ин буд, ки фавҷи солор пеш нагузарад ва дар танҳойӣ бо сипоҳи Порс рў ба рў наояд.
— Худоён мададгори шоҳ буда.
Пиёда шуданду зер аз асбҳо, то фароғат кунанд. Вале шоҳи тундрав истироҳат намехост. Ўро чизе такону таҳрик медод сўйи Эроншаҳр. Ва садое паст мерасид ба гўшаш: «Зуд бирав…» Сухани Арасту ба ёдаш омад: «Шитоб кори шайтон бувад». Ба машварат гузашт:
— Пармониёни корзордида бояд бидонад, ки ҷанги Юнону Порс инак бояд оташ гирад!
— Ман низ чунин пиндорам, шоҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо