Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— То имрўз тамрин буд ва шоҳи Порс зўру нерўи моро санҷид.
1
— Оре, шоҳ! Никатун низ тамоми роҳ ин ҳарфро мегуфт ва гила ҳам дошт: «Вазир, ки ба шоҳи доно зарурате надоштааст, чаро ҷойи гарми маро сард кард?»
— Чаро чунин гуфта? Вазир, бавижа Никатун барин вазири доно ҳар шоҳро ҳамнафас бояд бошад. Ҳамин ки дар Гозофай-
2 локиё ҷой гирифтем, ў ба кор ояд. – фармуд Искандар ва сўйи вазир нигариста сар ҷунбонд.
Ин замон як тўдаи бузурги одамон пайдо шуданд, ки аз сўйи беша тўли роҳ нах кашида, гамбускона мехазиданд. Чун талояву нигаҳбонҳо Искандарро аз омадани онҳо огоҳ карданд, шоҳ фармуд пештозҳо бираванд ва дар бораи онҳо маълумоти пурра оваранд. Талоя бирафту хабар овард:
— Эшон эллиниҳои асир ҳастанд, ки арзашонро ба малик Искандар гуфтанианд.
— Фармоед, биёянд!
— Пўзиш аз шоҳ: нафаре аз онҳо тани солим надоранд ва бештаринашон пирсол ҳастанд ва то ба ин ҷо расанд, ки рўз гузарад.
Агар рухсат бошад, чанде аз ононро бо гардуна биоварем!
— Бошад! – фармуд Искандар ва он замон аз нияташ гашт:
– На. Ман бояд биравам назди онҳо… Агар эллинӣ ҳастанд.
— Эллинӣ ҳастанд, шоҳ; эллиниҳое, ки порсҳо зўран ба ин ҷо оварда.
Искандар суханро ғоз надод ва ҳамроҳи дўстон ба гардунаҳо нишаста, пешвози онҳо рафтанд. Онҳо чун донистанд, ки Искандар – шоҳи Мақдуниё ва Юнон меояд, ҳама зону заданду замин бўсиданд. Искандар садо дардод:
— Агар шумо эллинӣ ҳастед, ин кор накунед!
— Бале, шоҳ, мо юнониҳои асирафтода ҳастем ҳаштсад нафар… Чун Хишоёршоҳ моро ба ин ҷо овард, ба сарамон равғани доғ рехт… – гуфт яке, ки хубтар аз дигарон маҷоли сухан дошт.
— Барои он, ки пойи гурез надошта бошем, ба чунин ҳол овард, – марди буридагўш садо кард.
— Набурида монд узвҳое, ки корой ҳастанд… – гуфт оне, ки дар даст теша ва исканаи хурд дошт: – Мо ҳама ҳунарманд ҳастем, вале шоҳи беҳунар наметавонад аз ҳунари мо истифода барад.
— Эй шоҳи наҷотбахш! Ёру ёвар бош моро! Дер боз омадани туро нигарон будем! Диламон гувоҳӣ медод, ки бояд юнониён фарзандеро ба дунё оваранд, ки қасди ҳамаро биситонад ва моро аз асорат раҳо гардонад! Зеро таърихи Юнон ёд надорад, ки шоҳе

  1. Никатун – вазири шоҳ Искандар.
  2. Гозофайлокиё – шаҳри пурганҷ.
пешина
аз 391
навбатӣ