Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

абадуддаҳр шоҳсутуни давлат ё кохи ситам шуда бошад. Ҳама чиз муваққатӣ; дунё барҷост, шоҳон гузарон! Мо медонистем, ки ту меойӣ! Дар хоб медидем туро, дар бедорӣ дидем! Шод бош, ай наҷотбахши мо! Ҷовидона бош!
— Чӣ мадад бикунам?
— Ҳар чӣ аз дастат ояд!
— Шуморо ба Юнон хоҳам бурд!
— На. Чунон ки мебинӣ, мо ёрои ба Юнон баргаштан надорем. Моро ёрӣ бидеҳ, хона бисозем ва умр ба сар барем! Зеро бузургони мо дар ин ҷо хок шудаанд!
— Магар ҷою манзил надоред?
— На. Ҷангалӣ ҳастем, чу дадон айём ба сар мебарем!
Искандари муассир пиёда гашта, миёни тўда омада буд.
Маҷрўҳон даст ба домони ў расонида мебўсиданд ва ба чашмон мемолиданд. Барҷомондагони то ин манзил базўр расида аз дур даст ёзида тақлид ба онҳое мекарданд, ки дасташон ба домони шоҳи мақдунӣ расида буд. Манзарае буд, ки Исои Масеҳи наҷотбахш миёни қавми нокор шуда бошад. Ва шоҳ мехост ба ҳар кадоме аз онҳо наздик шавад, то онҳо барои ба домонаш даст расонидан заҳмат накашанд; бо ин усул мехост овозаи меҳрубонӣ ва бахшояндагиаш аз Машриқ то Мағриб равад. Ва миёни мардон кўдаке ё ҷавоне набуд. Искандар таваҷҷўҳ зоҳир кард:?
— Шумо фарзандон низ доред?
— На, мо ҳама наррабурида ҳастем…
Искандар фарёд зад:
— Ин барбарҳоро бенасаб бояд кард!
Искандар ларзид аз нафрат ва ғазабе, ки Хишоёршоҳро дошт.
Андаке дам ба дарун гирифта, гўйӣ ба худ омад. Азбаски дер шуда буд, кинаи сахт гирифт ва андешаи аз беху бун нобуд сохтани порсиёнро ба сар овард; бо хотири хотирҳо саховат кард: ҳар касро се ҳазор дирҳам, панҷ тан сару либоси мардонаву занона, ду
1 ҷуфти гов, панҷоҳ сар гўспанд ва панҷоҳ медимн гандум бахшид ва аз пардохти андози шоҳӣ озод кард.
«Сангро санг шиканад» гуфт ба худ ва кина гирифт сахттар.
Искандар, ки ҳоло ҷавон буд, чунин манзараҳо сахт таъсираш мекард, зеро бо он тундмағзӣ, тундрафторӣ ва сари гарм доштанаш, андаке дар дил раҳм ҳам мепарварид. Ҳоло аз гиристан шарм кард; ашк ба нафрат гардонд. Он қадар гирифтори андеша шуд, ки хаёли хизонаи шоҳӣ аз сараш рафт. «Дар ин дунё чизе беподош нахоҳад монд: хоҳ бад кунӣ ва хоҳ нек.» Ин низ аз гуфтаҳои Арасту буд, ки шоҳи ҷавон дар қатори гуфтаҳои модараш
- Як медимн = 52,53 кг.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо