Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

зуд-зуд ёд меовард. Сари вазнин гаштаро афшонд ва Никатуни вазирро пеш хонд:
— Ай вазири доно, бигўй, ки ин чӣ аломат бувад?
Никатун хеле андешид ва сар боло карда ба шоҳ нигарист:
— Аломати нек, шоҳам: нек шоҳи мақдуниро, бад шоҳи Порсро. Худо фиристода инҳоро назди шоҳ, то бинаду донад, ки бадӣ ба чӣ орад.
— Ва вазир Никатун дида, ки шоҳи мақдунӣ тўли сафар бо асиронаш чунин рафтор карда бошад?
— На, шоҳ. Аз ин рў худоён ёри шоҳи мақдунӣ ҳастанд.
— Ҳа-а-а-а, шоҳи Порс бояд ҷавоб гўяд! – мадд кашида гуфт Искандар ва дандон фишурд: – Ҷасади ўро дар равоқи қасри шоҳиаш хоҳам овехт!
Ва дигар тоқати бардошт ва машварат намонд. Бар зини Бусефал нишаст. Шамшер дар ҳаво ҷавлон дод ва баргашт назди сипоҳ. Дар ҳолате, ки Искандар пиртар метофт, амр кард:
— Саф ороед!
Сарбозони ҷангӣ саф оростанд. Искандар солори фавҷҳо ва сари даставу гурўҳҳо, «дўстон», вазир ва сипаҳсолор Пармониёнро гирди хеш фаро хонд ва арза дошт:
— Ҳамаатон бо чашми сар ҳолу аҳволи асирони ҳунарманди юнониро дидед. Биёед аз худоён талаб кунем, то чунин рўз ба сари якеи шумо наояд. Ин маҷрўҳон ва маъюбон ёрон ва ҳамдиёрони мо бошанд. Мо бояд қасоси дерина биситонем! Шумо тасаввур карда метавонед, ки шоҳи порсӣ Хишоёршоҳ зулм кардааст, то тухми юнониён бисўзад; асирони ҳунармандро ахта кардааст! Бехабар, ки дар рўйи олам миллионҳо юнонӣ ҳаст ва тухми он ҳеҷгоҳ нобуд нагардад! Даҳшат ва аламовар аст… Агар медонистам, ки порсиён чунин золиму мустабиданд, бо асирони онҳо низ дигаргуна муомила мекардам; кўҳиёни дўшинаро осон сар намебуридам, балки шиканҷаҳо мекардам, ки бо чашми сарашон медиданд. Мо осон куштем онҳоро… Хайр, мубориза дар пеш аст; боз ба дастамон хоҳанд афтод. (Миёни сухани шоҳ афсарон ва сарбозон беқарорӣ доштанд; ба якдигар нигариста бо имову ишора радду бадали афкор мекарданд, баъзан баногўшӣ мешуд ва нафрати хешро ба мустабидон зоҳир менамуданд.) Мо огоҳ нестем, ки чӣ пеш меояд; Эроншаҳр дар чӣ ҳол аст; Доро чӣ омодагӣ дорад. Чӣ нерўҳое бо мо дакка мехўранд. Ман медонам, шумо хаста ҳастед, хомхоба ҳастед, ғизои дуруст нахўрдаед, ҳавои ҷанг ҳам надоред. Вале мо ноилоҷ мебошем. Ҷуз овард чорае надорем. Шоҳи Порс зону оғўш карда намешинад, албатта нерўи зиёд гирд оварда дар ин муддат, ки мо диранг кардем. Ин маротиба ҷанги осон нашавад…
Агар… агар пирўз шудед, чанд рўз дар Персополис фароғат хоҳед кард! Зеро ман низ хаста ҳастам ва хоҳиши истироҳату фароғат дорам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо