Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агар Персополис ба даст ояд, ҳамаатон аз хоста зиёд таъмин хоҳед шуд… Барои Мақдуниё! Барои Юнон!!!
Ва Искандар инони Бусефал сўйи Эроншаҳр нагардонда, саворе намоён шуд аз ҷониби Истахр. Чаҳорнаъл меомад асби сапедаш, ки нишонаи хабари хуш буд. Чун наздик омад, бозистод. Ба ишораи шоҳ саворе аз мақдуниён ба истиқболи ў бирафт ва гуфту шунид, пасон баргашт назди шоҳ.
— Сухан бо шоҳ Искандар дошта.
Искандар иҷозаи омадан дод. Савор наздик омад, пиёда шуд, зону зад ва ҳарфе нагуфта калиди бузурге чу парма тобдорро рўйи дастон ҷониби шоҳ дарёзид.
— Чӣ калидест?
Мифтоҳ рабуда, андаке бепарвоёна аз назар гузаронид Искандар ва нигарист сўйи ў.
— Калиди хазина.
Низ бепарво посух дод оварда, ки чаро шоҳи зарҷў эътибор зоҳир накард; ҳол он ки аз ганҷу хазина сухан равад, шодмон мегашт. Ваҷоҳаташ дигар шуд ва намедонист ба нўки пояш нигарад ва ё ба чашми шоҳ.
— Ту кистӣ?
— Хидматгор ва калиддори солори хазинаи шоҳӣ Фрадат.
— Чун калиддор туйӣ, калидро аз пеши худ овардӣ?
— На. Маро соҳибхазина Фрадат фиристод.
— Чаро худи соҳибхазина наомад?
— Гуфт, ки дар чунин шароит хазинаро бесоҳиб гузоштан хавфе дорад. Чун рухсати шуморо бубарам, хоҳад омад.
— Чӣ гуна рухсат?
— … ки шоҳ ўро пазиранд ё на?
Искандар ин пурсро посух надод, балки чизи дигар пурсид:
— Магар мулк бешоҳ бувад, ки хизонадор калиди хизона маро фиристода?
— Оре, хазина шуморо нигарон аст. Зудтар бояд бирасед ба Эроншаҳр.
— Ман пурсидам, ки шаҳр шаҳрдор ё шаҳриёр дорад ё на?
Ту маро аз хазина ҳарф занӣ! Ё ҷосусӣ дорӣ, ки сухан ба дигар сўй кашӣ?
— На, шоҳ! Ман танҳо хоҳиши хазинадор Фрадатро ба шумо расондам. Пазируфтан ва ё рад кардан майли шумост.
Искандари дурандеш ва баъзан бадгумон сўҳбатро идома надод, балки фармуд сарбозон калиддорро гирд гиранд ва нагузоранд пештар аз онҳо ба шаҳр дарояд.
Шоҳи мақдунӣ, ки барои ин қадар диранг кардан хешро коҳиш медод ва ганҷи хазинаро парешонгашта мепиндошт, омадани «пайк» ва калиди ғайримаъмулии ўро фоли нохуб дониста сари Бусефал сар дод сўйи Эроншаҳр. Чунон буд, ки сели бало ҷорӣ гашта ва пешсел (пешбод) чанд қадам муқаддам гирдбоду тўфон карда, ҳамаро несту нобуд сохта, фарохмаҷро ба гаҳвораи тамаддуни Эрониён мешорида бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо