Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар тасаввури мардуми Шарқ ёву бало бадтарин чизҳои хурофотиву афсонавӣ ҳастанд, ки бар асари хеш ҳамаро хушк ва нобуд месозанд.
Хоки Эрон зери суми номубораки асбони сипоҳи мақдуниёну юнониён гил гашт. Аз сумзании фарасҳои ҷангӣ ях зуб шуда, аз зери наълҳои асбон лой мепарид ва сару рўйи сутурону саворони дунболро меандуд. Саворон думи дарози асбон гиреҳ зада буданд, то тару нам кашида дар ҳавои замҳарир, ки дар хоки Эрон аҳёнаҳён рух медод, ях баста, гаронӣ ба гашти ҷонварон накунад.
Эрониён ин вабои ногаҳониро бознадоштанд ва касе пазира ҳам нашуд. Кўчаву хиёбонҳои сангфарши Эроншаҳр искандариёнро моту мабҳут гардонд. Тарзи сангчинии ҳунармандона ба гашти асбон душворӣ меовард. Асбони судасум аз гаштан бар сангфарш саркашӣ мекарданд ва канори роҳ бо замин рафтанӣ мешуданд.
Сумҳои сахтнаъл садо аз санг мебаровард; саворонро безобита мегардонд, ки асрори лашкаркашии онҳоро ҳувайдо месозад.
Баъзеро ба тааҷҷуб водор месохт, бархеро ғаш меовард: «Доми тазвир аст». Аз ҳаяҷони зиёд, ҳар ҷо, ки андаке таъхири хостаи шоҳ мешуд, чунин меандешид ва размҳозир мешуд; мехурўшид:
«Модарам Олимпиада! Агар ин аламро фарзанди ту наситонад, кӣ ситонад? Устодам Арасту! Баъди ин ҳама шогирди ту Искандар ваҳшӣ нашуда, кӣ шавад?!»
Лашкари воҳимаангези мақдунӣ андешаҳои ботинии шоҳро дарёфта буд, ки кўчаҳоро ба ларза оварда, чун ватандор беибо пеш мерафт. Вале чун дар Бобулу Шуш касе бо нону намак пешвозашон нагирифт ва кўдакон чунин раҳпаймоиро ид пиндошта ба пойи сарбозон гом намезананд. Шаҳри хомўшу бекас метофт…
Ғулғулаи сипоҳиён ва кишнаву сайҳаи асбон танҳо барои худашон буд ва гўшҳои бегона намешунид. Ғайр мароқ надошт ба омаду воҳимаи онҳо. Ҳеҷ кас, ҳеҷ марздоре эътибор намедод.
Балки биноҳои ободу зебо, кўчаҳои озодаву банизом меҳмонони нохондаро хушомадед мегуфтанд. Аз баъзе ҳавлиҳо сагони бесоҳиб меҷакиданд ё омади балоро эҳсос карда зуза мекашиданд.
Зиндагии шаҳриёна набуд: гўё пештар аз лашкари Искандар шаҳрро убур карда, қатлиом фармуда бошад; ҳоло як каси багурда намонда, ки бо мақдуниён муқобилат кунад; ҳатто меҳмондўсте, чоплусе, хушомадгўе намонда, то нону намак барорад.
Лашкари «пирўз» мегузашт аз хиёбонҳо. Аз даҳони вози саворону пиёдагон дуд мебаромад, инчунин аз димоғи асбон ҳавр фағона мезад.
Диже диданд надида дар ҷое. Бораи сербари мустаҳакам атрофи дижро печида буд. Кохҳое, ки то имрўз дида буданд, ҳунари чўбкориашон зиёд ба назар мерасид. Аммо ин қалъа аз санги хоро ва рухом бино ёфта буд.

пешина
аз 391
навбатӣ