Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва мармар дошт диж. Сутуну сарсутунҳои сангӣ, равоқу забарраву пештоқҳо сангӣ, нишону пай-
1 караҳои одамӣ ва ҳайвонҳо ва насносҳо ҳама аз санг буданд.
Тааҷҷуби меҳмонони нохонда бар он буд, ки чӣ қадар ба санги сахт фурў рафтан имкон дорад. Онҳо ҳанўз кебида ва ҳаросида менигаристанд ба ҳар чиз ва пиёда намешуданд аз сутурон, ки ҳила асту найранг ин ҳама. Ҳамин замон аз паси деворҳои баланд ва сангӣ сарбозони эронӣ ба сарашон медаманду мерезанд чу аҷал. Дер нигаристанд. Чизе пайдо набуд. Мулк бесоҳиб ва хона бекадхудо метофт. Ва пиёдагони пештози мақдунӣ ҷилавтар рафтанд; аз буни деворҳо ба дарвозаи боз наздик шуданд.
Ҳайронтар гаштанд, ки чаро дарвозаи шаҳру дарвозаи диж боз аст? Дар хурдтарин дижу кўшку кохҳо, ки мудофиа карданӣ буданд, чунин бепарвойӣ ва ҳолу аҳволро надидаанд. Шубҳаву ҳайраташон афзуд ва ҳаросашон, ки ҳолиё балое ба миён меояд.
Кебидаву тарсида чашм чарониданд ба дарун. Ҷондори муҳофизе ба чашм намехўрд.
Вазъу ҳол расониданд Искандарро… Ба хости шоҳ ворид аз дарвоза гаштанд ва бо зеҳи девори дарун чун боли мурғи афсонавӣ кушода ба ду тараф шуданд; касе чизе намепурсид ва таҳдиде надошт; халалгоре низ надиданд. Ба назар дар ин манзилу маъво ҷондоре умр ба сар намебурд. Танҳо зинаҳои мармарини
2 бовусъати пиллагон фавҷи даҳсафро гунҷоиш медод. Ҳангоми зина ба зина баланд шудан сарбозон дар шигифт монданд. Вурўди тахти Ҷамшед он қадар гирифтор кард онҳоро, ки чун нақшҳои девор гаштанд. Нақши Дориюш бар тоқҳо канда буд сурати порсҳо, модҳо, портҳо, масагетҳо, ки ҳар кадоме бо нишоне ва намуди хоса тафовуте доштанд аз якдигар. Онҳо гурўҳ-гурўҳ асбу говҳои қурбониро пешандоз мебурданд ва ё дарак аз кишоварзӣ медоданд. Кунгураҳои теғадору бисёрпарра, зерсутуну сарсутуну шаҳсутунҳо ва сутунҳои арра-арра андар ҳар қабати вурўдгоҳ бо кандакорӣ ва нақшу нигор зебу оро ёфта буданд. Андар равоқи баланду забарҷад муҷассамаҳои болдор вуҷуд доштанд. «Нақши Дориюш» чунон буд, ки ҳунармандони гулкор ва резакор кўҳи азими сангиро тарошида, ба д-ин сурат оварда бошанд.
Мақдуниён ва юнониён дар ҳайрату шигифт монда буданд, ки инсон чӣ гуна тавонад ин сангҳои гаронвазнро бубардорад ва аз санг муҷассама ва таърих созад. Толорҳои чапу рост аз толорҳои асосӣ бо дарҳои кандакории боҳунарона сохта ва панҷараҳои гаҷкорӣ ҳусну зеб меафзуданд дижро. Ва қаср зина-зина ҷониби кўҳ боло мешуд. Толорҳо, хонаҳо, кафшканҳо, ҳараму шабистонҳо,

  1. Наснос – ҳайвонодам, одамасб.
  2. Пиллагон – зинапоя.
пешина
аз 391
навбатӣ