Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатто Искандарро… – Даст бар сар зад, холӣ дарёфт… – Тоҷи зарин куҷост?…Онро низ рабудаанд!»
— Бар думи корвон бубандед! Ин «ганҷро» низ бубаранд!
Девона садои Искандарро шунид ва ҳайрон шуд: «Ба куҷо?
— Ба Юнон!
«… На! Ман он ҷо наравам… Он ҷо ҳама хунхоранд, ғоратгаранд… Дандони тиллоии маро мекананд… Аз барои як дандон сарамро мебурранд!» – дудаста лунҷи росташро медошт ў.
— На! Бепарво бош! Саратро набуррида, дандонатро мекананд… – Ин садои сарбозе буд, ки ўро ҳамроҳи чанд кас бар тахти равон мебурд.
Чун ўро наздиктар ба корвон мебурданд, зиёдтар дасту по мезад…
Ганҷ ба Мақдуниё рафт; китоби муқаддаси «Авесто» ба толори
Садсутун; аммо аз Фрадат дар ҷое нишоне пайдо нашуд…

БАНДИ ҲАФТУМ

Искандар аз гуфтаҳои беҳушона, вале ба назари шоҳ сохтаи Фрадат сахт муаасир гашта, хеле ба танг омада буд. Ният дошт ба толори Садсутун равад ва созгор омадани нияташро базм кунад.
Зеро шоҳи зарҷўй ва гетихоҳ ин миқдор ба каф омадани ганҷи ройгонро умед ҳам надошт. Лекин ба толор ворид нагашта паём оварданд, ки сарбозони мақдунӣ ба тороҷгарӣ даст задаанд.
Шоҳ бовар накард. Ба вазир Никатун рў овард, ки ў чӣ хаёл кунад?
«Он чӣ шоҳ пиндоранд.»
Пасон ҳар ду либоси сарбозӣ ба бар карда ба шаҳр баромаданд. Шаҳр ба д-он мемонд, ки галаи шағолони гурусна ба хайли мурғони хонагии болшикаста дарафтода; куштаву хўрда, сер шуда; ҳолиё пар канда ба ҳаво мепошида бошанд. Фазои шаҳрро ғалмағал ва фиғони мурғон ва парҳои ранга фаро гирифта буд.
Сарбозони мақдуниву юнонӣ дарафтода буданд ба ҳама касу ба ҳама чиз: ғорат мекарданд, таҷовуз доштанд; мекуштанду месўхтанду мебурданд… Занон ва духтарони бонанг ба гургони гурусна сар нафароварда ва даста надода, баъзан раҳо аз дасти онон гашта, хешро аз тирезаҳои боз ба зер меафканданд.
Аз бинои рў ба рў, ки Искандару вазир ва чанд сарбози мусаллаҳ меистоданд, даричае кушода шуд ва духтаре фарёдзанон худро ба зер андохт. Либосашро бод бодбарак кард, аммо вазнашро бардошта натавонист. Бархўрд бар замин ва дамаш дарун зад. Шоҳ чунин ҳол дида пиндошт дилаш баробари аз боло зер омадани духтар ба замин шорид. Искандар тозон ба назди ў рафтанӣ шуд, вале сарбозони тозисурати ба духтар ҳамлавар шударо дида бозистод ва чашм дўхт. Сарбозон чун сагони шикорӣ буданд, ки аз пайи заргўши захмӣ тохта, якбора ба сайд дарафтиданд.

пешина
аз 391
навбатӣ