Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ҳанўз зинда ё мурда будани духтарро касе намедонист. Чун шираи шаҳвонӣ пеши чашмашонро гирифта буд, якдигарро тела дода, кашида аз либосаш канор андохта, худ ком бардоштан мехост. Кор то ҷое расида, ки сарбозон овехтанд ба ҳамдигар.. Ҳар кадом, ки дасташ ба либоси духтар мерасид, мекашид ва медарид…
Тамошои шавқовар намуд. Каси беҳамият ва бешараф ҳаммонанди он сарбозон намехост аз чунин саҳна чашм канад. Аммо Искандар сабру бардошт карда натавонист. Хун ба сараш зад ва шамшер аз наём кашид. Чун сарбозсурат буд, ҷанговарони ба зан ташнаву пеши чашмашонро хун гирифта, ситехтанд ба ў; шамшери Искандар дарозӣ ва тезӣ кард; сари чанде аз ононро парронд…
Ва амр кард: «Табли хатар бизанед!»
Чун таблу бўқи хатар навохтанд, сарбозони осема колои ғанимат ё дар бағал ё бар дўш ошуфтаву парешон ва шитобзада бозомаданд ва баъзе сармасту калаванда, либосҳо бенизомиёна пўшида, бархе тиҳипо, ягон-ягон беэзор, ангуштшумор хуншор аз хонаҳо бадар шуданд.
— Бирезед дар ин майдон!
Чунин амри пурхашми шоҳро дидаву шунида ва шоҳро шинохта, сарбозон ҳайрон монданд. Ҳар чӣ ғанимат ба даст оварда буданд ва сари дасту дўшҳо доштанд, рехтанд ларзону тарсон ва баъзе эзор тар карда.
— Саф кашед!
Итоат карданд сарбозон ба амри шоҳ. Искандар чанд бор пеши сафро қадамзанон гузашт дар либоси сарбозӣ; хашмӣ ва дамида. Ҳайрон буданд сарбозон ба чунин аҳвол гирифтани шоҳи лашкаркаш ва ин зайл манзара оростани ў.
— Нигоҳ кунед!!! – даст сўйи духтари бараҳнахуфта ва чанд сарбози бесар ёзида садо дардод шоҳ.
Сарбозон манзараро дида сар андохтанд. Искандар чанд тани дигарро, ки дар бораашон шунидаву дониста буд ва онҳое, ки дар ҷойи истода мекалавиданд, бо нўки шамшер ишора карда, аз саф баровард ва пеши назари сарбозон дастонашонро бурронд.
— Ин амал аз рўйи қонуни ин сарзамин! Бидонед: ҳоли дузд чунин бояд буд!
Искандар биандешид: амри шоҳ буд, ки ҳама ин сафкашидагон яксар ба дуздиву ғорат даст заданд. Агар эшонро бикушад, бесарбоз монад. Аз ин рў сухан дигар кард:
— Гуфта будам, ки биҷўед; нагуфтаам, ки кушед, таҷовуз кунед, бисўзед!!! Ин бор гузашт кунам, зеро амри худам буд.
Искандар боз пеши сафро гом зад ба ду ҷониб ва дид, ки чун сарбозон номаълум оҳи сабук мекашанд. Ў бозистод рў ба рўйи сипоҳ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор