Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Гумон карда будам, шумо шарафи Мақдуниёву Юнонро нигаҳ медоред; эътибори артишу лашкарро меафзоед… Акнун донистам, ки на танҳо ба чунин масъалаҳо эътибор намедиҳед, балки ба бадномии шоҳи мақдунӣ камар бастаед. Манзарае, ки ҳамроҳи вазир дидем, саҳифаи сиёҳ ва нангини таърихи лашкаркашии мақдуниён аст! Шоҳони мақдунӣ чунин ҷурмро нахоҳанд бахшид!
Дар бораи интизоми ҳарбӣ набояд ман дубора ҳарф занам!!!
Искандари музтарибҳол ва ошуфтаву парешон намедонист чӣ кор бикунад. Ба оростани базми искандарӣ вазъу рўҳи болида надошт. Ҳамин қадар тавонист, ки бо чанд тани хоса: солори лашкар Пармониён, вазир Никатун, шоҳзодаи мисрӣ, устодаш Лисимах ва чанд тани ёри баччагӣ майгусорӣ кунад. Чун чанд ҷуръа нўш кард, ҳама воқеъоти имрўзаро такорў гардонд, пурғазабтар шуд.
Бодаи юнонӣ паёпай нўшид. Шерак шуд… Фаромўш кард талаву тороҷу таҷовузи сарбозонро ва баъзан корҳои карда ба ёдаш зада, сари таассуф меафшонд, ки беҳуда кушт сарбозонро… Сипас саховат кард ва ба тақсими мерос гузашт:
— Пармониёни азиз! Ман ҳама хидматҳои туро медонам. Дар боргоҳи падари ман Файлақуси Дуввум хидмати шоиста кардӣ; маро бисёр чиз омўхтӣ; ҳифзу ҳимоя кардӣ; ҷонамро харидӣ…
Ташаккур! Сипаҳсолоре мисли ту ба Мақдуниё хидмат накарда.
Ман бояд хидматҳои туро қадр бикунам. Хонаи вазири ҳахоманишӣ Боҳуйро ба ту бахшидам.
— Сипосгузорам, шоҳам!
— Ту аввал бубин он хонаро, пасон сипосгузорӣ бикун. Бубин, ки чӣ колову бисот дорад. Танҳо зарфҳои заринаш аз ҳазор талант зиёд аст.
— Ҳамин тавр, шоҳам.
— Ин кам… Пармониён барин сипаҳсолори далеру шуҷоъ ва сарсупурдаи мақдуниро ин ҳама ночиз бувад. Тамоми ганҷи хазинаро бубахшам ҳам, кам аст. Ҳамаш дар пеш, дунё ба умед; Машриқ мамолики зиёде дорад… Ҳоло зари хосаи шоҳи Эрон ба даст наомада… Лекин ба даст хоҳад омад…
— Ҳатман бояд ояд…
— Ту низ, шоҳзодаи мисрӣ, бенасиб нахоҳӣ монд.
— Барои ҳамин бояд майи юнонӣ нўш бикунем. Вале пеш аз он, агар шоҳ иҷозат фармоянд, сухане бояд бигўям.
— Бифармо, шоҳзода!
— Фоҷиъае, ки имрўз пеши чашми мо рух дод, саҳнаи хунин ва нангине буд. Ман имрўз бори дигар ба бузургии шоҳи Мақдуниё ва адолатро бар ҳамоқат чира гузоштани ў тан додам. На ҳар шоҳи пирўз чун Искандар зердастонро ҳимоя кунад. Зинда бош шоҳ Искандар!
— Хеле хуш фармудӣ, шоҳзода. Дарди дили ҳамаи моро изҳор кардӣ. Хуш бош! – аз ҷой баланд шуда ҷонибдорӣ ва арзи сипос кард сипаҳсолори рўзгордида ва размозмуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор