Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

-Ман шоҳеро намедонам, ки барои дигарон шуда сарбозон, ҷанговарони худро чунин ҷазо дода бошад; сарбозонеро, ки бо душманони шоҳ сару кор дошта бошанд. Ташаккур туро, Биталомус, ки ҷуръат карда ин ҳарфро гуфтӣ! Ин чиз забони маро мехоронд… Поянда бод шоҳ!
Искандар баробари онҳо ҷом баланд кард, вале ҳоло фарқ накарда буд, ки кадоме ҳақиқат мегўяд, кадоме хушомад. Ҳарчанд сипаҳсолори куҳансол баъзан омаду барори набардҳоро ба номи худ мегардонад, инсони хуб аст ва ҳатто хоҳад, ки ҷанг боадолатона бошад; ҷанги номардона набошад.
— Барои пирўзиҳо менўшем! Барои шумо, далерон!…
Барои Мақдуниё!... Барои Юнон!… Медонед, ин порсҳо, ин эрониён ба сари мо чӣ кулфатҳо оварданд?… Сипаҳсолор Пармониён дуруст мегўяд: «Душманро низ бояд эҳтиром кард!» Агар душман ба эҳтиром арзад. Дар ҷаҳон аз лашкари Порс пурзўртар сипоҳе нагузашта… вале чунон ки мебинед, шоҳони бузурги ҳахоманишӣ низ ҳама рафтаанд; тарсуҳо мондаанд. Саги гургзада рамаро ба гургон гузорад.
Хомўшӣ ба миён омад. Ҷомҳо миёни ангуштон буданд. Баъзе дерёз хомўш мондани Искандарро аломати мастӣ донад, бархе пиндошта, ки шоҳ ситоиш хоҳад; дигаре гуморад, ки ў суханашро гум кард. Чун касе чизе нагуфт, ба назар, ҳама идомаи каломи шоҳро нигарон буданд:
— Ман муҷассамаи Хишоёршоҳи порсиро пеши пойи шумо афкандам! Донам, ки бо мурда мубориза бурдан кори мардон нест, чунин корро кардам. Ин барои ман барин шоҳи баномус ва лашкаркаши тавоно нанг бувад, аммо дониста кардам он корро.
Хишоёршоҳ забуниҳои зиёде овард Юнонро: кушт, сўхт, бурд…
Исботаш пайкараҳои қаҳрамонони юнонӣ буд, ки шоҳи золимро кушта буданд. Магар ба Хишоёршоҳ барин султон ҳайкал гузоштан айб нест? Охир ў одамонро беҳисоб куштааст; шаҳрҳоро саросар оташ задааст. Ҷавонону занону духтаронро асир гирифтааст. Магар чеҳраву андоми он асирони ҳунарманди юнонӣ аз пеши назари мо меравад?! Ҳаргиз!
— Ҷовидона бод шоҳи ҷаҳон!
Дам ба дам аз забони ҳар кадом ин шиор баланд мешуд ва Искандар меболид.
— Шумо дидед, ки эрониён чӣ китобе доранд: китоби муқаддас; панднома. Ин китоб давлатдорӣ меомўхтааст, накўкорӣ месутудааст. Ҳурмуздро ситоиш мекардааст ва аҳриманро нафрин… Бовар намекунам. Миллате ки чунин китоб дорад, набояд зишткор бошад; набояд хун резад; набояд ватан бесоҳиб гузорад. Ман шоҳеро, ки…
ҳатто мардеро, ки барои модар, зану фарзанди хеш истодагарӣ намекунад, чора намеандешад, балки барои ҳифзи ҷони тарсуи хеш рў ба гурез меорад, шоҳ намехонам, мард намедонам, ҳатто одам намешуморам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор