Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷавонмард бояд буд…
— Зиндаву ҷовид бимон, Искандар!!!
— … Пас ин гуна китоби муқаддас ба кӣ лозим? Китобе, ки миёни мардуму набиштаҳои он ягонагӣ нест, зоеъ бувад! Пас ҳама навиштаҳои он китоб дурўғ аст, ботил аст… Чунин китобро бояд сўхт!!!
Ба мақсад наздик шуд Искандар ва Пармониён як қад парид.
— Ҳамаи ин манзилу макони нопокро бояд сўхт! Ман мекунам ин корро!
Пармониён таъзим кард ва фармуд:
— Рой шоҳрост… Ҳолиё шоҳаншоҳи Эрон Искандар бувад.
Ҳар чӣ ў хоҳад, он шавад! Аммо чӣ ҳоҷат, ки шоҳ боигарии хешро бо дастони худ нобуд созад?
— На-а-а! Ман Искандар шоҳи Мақдуниё ҳастам!
— Мардум Искандарро ҳамчун аз тухмаи ҳахоманишиҳо пазируфтанд…
— На, сипаҳсолор! Маро гўл зада натавонӣ! Ман Искандар ҳастам, шоҳи Мақдуниё!
— Дуруст. Инро мо донем: Искандар шоҳи Мақдуниё… Вале ҳолиё низ шоҳи Осиё!
— Ман – Искандар, писари Филиппи Дувум!
— Бале: писари Филиппи Дувум, ки бар маснади Эрон нишаста!
— Такрор мекунам: Ман – Искандар, шоҳи Мақдуниё ҳастам ва ҳеҷ гуна тахти бегона маро зарур нест! Ин тахту ин тоҷ бояд ба Мақдуниё равад! Чун ки замоне омада буд!
— Дуруст…
— Ман порсҳои барбариро нишон додам, ки ҷанг чӣ гуна мешавад.
— Дуруст…
— Вагарна онҳо чунин шаҳру чунин хазинаро партофта намегурехтанд…
— Дуруст…
— Ин барбариҳо Мақдуниёро тороҷ карданд… Отинро оташ заданд… Ҳама чизро рабуданд… Пас чаро мо ин корро накунем?
— Искандар ба Шарқ ҳамчун дунёдор омада, на ҳамчун ғоратгар! – аз ҷой ҷаста хест Пармониёни дунёдида.
Искандар низ бархест ва чун хурўсчўҷаҳо нўл ба нўл шуданд.
— Агар сипаҳсолори пир бо шоҳи ҷавони мақдунӣ аз ҷониби эрониён ҷанг мекарда бошад, ман ҳозир ҳастам… Ва ин хурўси пир бояд донад, ки ҳанўз касе аз модар зода нашуда, ки панҷаи Искандарро хам кунад, – гуфт ва бар курсӣ нишаст ва оринҷ бар миз ниҳод, то зўру ҳунарашро бо сипаҳсолор озмояд. Чунин зўрозмоиро ҳама медонистанд ва «Зўри Искандарӣ» ном дошт: аз ду ҷониб нишаста, оринҷро бар миз гузошта, каф ба кафи дастҳои рост оварда, зўр мезаданд, то дасти якдигар хобонанд бар миз.

пешина
аз 391
навбатӣ