Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Пармониён наёмад бар сари мизи мармар. Зеро дониста, ки дар ҳар ҳолат – хоҳ бурд, хоҳ бохт – аз Искандар халос нахўрад. Дар бисёр ҳолатҳо ҳарифони пилзўру пурзўри ў метавонистанд дасти Искандарро бар миз хобонанд, дилёб намешуданд ва ё хешро нотавон ва камзўр вонамуд мекарданд. Борҳо шудааст, ки ба як бору ду бор хам гаштани дасташ созгор наомада, талаби зўрозмойӣ кардааст, то замоне ки пирўз гардад. Сабаби бардошту худдорӣ кардани сипаҳсолори куҳансол низ ҳамин бувад. Вале ҳоло бо ў зўрозмун кардан лоимкон аст, зеро чун пирўз омад, ягон шарти сахт гузорад, ҳатто то ба бохти сари сипаҳсолор.
— Чаро наойӣ?
— Куҷо дидайӣ, ки асби пир бори асби ҷавон кашад?
— Ҳа-а-а… тарсидам, бигўй! Тарс низ бохт бувад!
— Оре, шоҳ. Ман бохтам бозиро…
Ва гуфтугўи онҳо анҷом напазируфта Биталомуси пилзўр рў ба рўйи шоҳ нишаст ва каф бар кафаш рост кард.
— Мурдан хоҳӣ?
Биталомус хандид:
— Кабўтар бо кабўтар, боз бо боз!
Искандар низ табассум кард ва чашмаш ба сипаҳсолори миёни толор рост истода афтид:
— На! Ман бо он хурўси пир ҷангиданӣ ҳастам.
Пармониён пеш омад:
— Шумо, ду хурўсчўҷа, ҷанг кунед, ман довар мешавам. Зеро ҳар паҳлавон оқибат бояд зўрозмоии паҳлавонони ҷавонро ҳакам шавад.
— Бихез! – амр кард Искандар ва шоҳзодаи мисрӣ аз ҷой наҷунбид: – Бихез, ў бинишинад!
— На, Искандар… Ман бо ту овехтанӣ нестам… Фақат афсўс мехурам, ки умрамро дар корзорҳо гузаронидам… Баробари Филипп ва ту марзҷўйӣ кардам… Агар бори дигар аз модар зода шудам, ҷанг накардам, хун нарехтам… Балки шогирди Арасту будам.
— Шогирди Арасту? Манам шогирди Арасту! Арасту ҳеҷ гоҳ тарсувон ва дурўяҳоро шогирд нагирифта буд…
— Ман ин масалу кинояҳоро барои он мегўям, ки Искандар аз асби ғазаб пиёда шавад ва эътибори хешро паст назанад…
— На-а-а!!! Искандар ҳеҷ гоҳ эътибори хешро паст нахоҳад зад. Ў ҳаст, ки Мақдуниё ҳаст! Мақдуниё ҳаст, ки ў ҳаст!
— Оре-оре! – Пармониён мехост зудтар аз чанги ў раҳо ёбад.
— Сипаҳсолор бояд бидонад, ки забардасттар аз ман дар олам кас нест!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор