Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Сухан сари танҳоии ман набувад. Хобе дидам аз танаффуси разми ту ва худи ту… Хоҳиш он аст, ки киштии хеш ба он соҳил бифиристӣ ва худ бо ман бошӣ.
— Ту хоҳиши ҳама занони оламро гўйӣ, Барзин.
— Чӣ гуна?
— Оё дар ин дунёи ҳастӣ зане бувад, ки аз наздаш дур будани шавҳари хубро бихоҳад?
— Оре, ҳаст. Агар маҳбубе хубтар аз шавҳар дошта бошад.
Искандар, ки чунин ранг гирифтани посухи занро чашмдор набуд, хомўш бимонд; биандешид, ки асбоби чунин мулоҳиза доштани занро бипурсад ё на? Вале худ аз худ забонаш ба ҳарфи дигар гашт:
— Ту зани оддӣ найӣ, Барзин.
— Магар мураккабам?
— Мураккабтар… Туро модар назода, балки худоён офарида.
— Чунон ки туро… Балки маро худоён на! Худои якка ва ягона офарида, – нозаш ғунҷида фармуд Барзин.
— Ҳолиё хуни шарқиат ҷўшид, Барзин.
Табассум кард Барзини зирак ва хешро бар гардани Искандар овехт, то фурўтар нараванд ва ҳазил нагардад ба зил.
— Ҳар чӣ гўйӣ, ба ҷон пазирам. Ту низ бояд ҳарфи маро гўш бидиҳӣ ва агар писанд ояд, бипазирӣ. Шоҳи ҷаҳон бояд донад, ки ман бар зарари ў сухан накунам.
— Чиро дар назар дорӣ? Киштиро?
— Оре, киштиро!
Искандар ҳарфи Барзинро ду накард. Бурун омад аз пардасаро.
Рой дод, то киштии ўро аз бандар бигиранд ва сўйи шаҳри куҳан
– Палетир биронанд.
Ончунон карданд, ки Искандар фармуд. Чун киштии Искандар ба карона омад, оташ гирифт ва они зиёде нагузашта таркид.
Искандар, ки истода ба дари пардасарой ҳаракат ва рафти сафинаро назора ва мушоҳида мекард, на аз оташ гирифтани киштӣ, балки аз пешбинии Барзин ҳайратзада монд ва баъд хешро афшонд чу мурғи аз об баромада. Оринҷаш ба Барзин бархўрд, ки паҳлўяш омада буд. «Бубахш» гуфт ва гўйӣ ба худ омада паҳлў гашт ва занро сахт ба канор кашид… Хеле орому хомўш истод дар он ҳол ва сар пушттар андохта пурсид:
— Чун дарёфтӣ ин аҷалро?
— Хоб дидам… Хоб дидам, ки падарат дар он сўйи баҳр пайдо шуда ба ишораи даст туро мехонад. Ва ту шодон гаштӣ, ки падари дер боз гумкардаат пайдо гашта туро пеш мехонад, киштисавор равона шудӣ. Ман ба худ мегўям: «Падараш мурда, чаро Искандар пеши ў равад?» Фарёд задам, нашунидӣ. Яке аз сарбозон киштии туро бо заврақи тезгардаш дарёфта, гуфт: «Барзин дарди зо дорад.

пешина
аз 391
навбатӣ