Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агар ту набошӣ, занат мемирад ва ҳам фарзандат!»
Чун ин огоҳӣ шунидӣ, сари киштӣ гардонидӣ. Ба пас нигаштӣ…
Падарат ғайб зада буд. Ба пардасаро омадӣ, ки ҳанўз назодаам.
Пўписа кардӣ, ки чаро маро аз роҳ гардонидӣ ва нагузоштӣ, ки ба дидори падари гумкардаам расам. Ў аз ман норозӣ рафта буд.
Бояд омурзиш мекардам. «Боке на. Қурбонӣ мекунӣ, узр мепурсӣ»
гуфтам. Ва ту ғазаб карда бадар рафтанӣ шудӣ. Сахт доштам аз домонат ва бедор шудам…
— Ҳааа… – гарчӣ андешааш ва ҳушаш ба падар буд ва хоби занро канда – канда мешунид, мадд кашид чунин ва афзуд: – Хуб, ки доштӣ, Барзин. Вагарна ман дар он киштӣ будам.
— На-а а… Намегузоштам, ки то он киштӣ бирасӣ. Ана ин хел сахт медоштам, – гуфта сахт оғўш кард шўро. Ва шоҳи ҷавон аввалин бор аз мағрурии хеш андаке паст омада, донист, ки аз ҳаёт то мамот як ваҷаб роҳ будааст; Барзини дилогоҳ ин нуктаро хубтар аз ў дарёфта. Искандар боэҳтиёт ўро бардошт ва беозор бар тахту рахти сафарӣ бихобондаш … вале вазни хеш бар ў наандохт; балки даст бар шиками ў гузошта, табассум кард. Барзин мижа таҳ зад.
Дар рўзҳои роҳату фароғат, гарчӣ аз пешгўйӣ ҷанги шадидро медонист, хушҳол менамуд ва Барзинро беҳтарин ва наздиктарин каси хеш медонист ва андаке гетерҳои нозанин ва хушзавқу зудҷавобро дар қатори пас гузошт, ки пеши ақлу фаросоти занаш ва занну дониши ў касе ё чизе нестанд. Бо Барзин ба сар мебурд айёмро… Ва баъд пеш аз набарди навбатӣ бодагусорӣ кард бо дўстон. Ба хурўш омад…
Дар танаффуси дурўза мақдуниён манҷаниқҳои гаронтар ва азимро бар сафинаҳои фарохсуфа бор карда бурда буданд ба бандари «Миср». Бе ҳеҷ гуна огаҳӣ субҳи козиб манҷаниқҳоро ба кор дароварда, сангҳои гарон меандохтанд ба девори самти ҷанубӣ. Гарду боди тира бар осмон хеста буд меғсон ва дами саҳар гоҳи чашм кушудани рўз зарб, шикаст ва ғубори ба миён овардаи сангҳои гаронвазнро мушоҳида кардан имкон дошт.
Дарахтони абру туману ғубори гирдбодсурат ба осмон рост шуда намегузошт адўвон бубинанд ҳамдигарро. Чунин ҳол сангандозони деворшиканро имкон медод ба авҷ расонанд амалиётро. Девори даври аввал дарзу роғ овард аз зарбаҳои паёпай ва оқибат шикасту бирехт. Мақдуниён аз киштиву бурҷҳои мустаҳкам симтанобу пулҳои ларзону муаллақ кашиданд то деворҳои афкандаву ворафта; сарбозони пиёдаи сипардор ва найзавар рў-рўйи пулҳо рехтанд ба шаҳр…
Ва аммо дар пеш девори дигаре буд.
Тириён, ки тири беҳисоб доштанд, тирборон карданд сипоҳи Искандарро. Онҳо дар парчи пули муаллақ, паси деворҳо, роғу рахна; андар бурҷу бораву пушти дастгоҳи сангандоз дучори синону пайкони шаҳрдорон мегаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё