Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипаҳсолор ин бор ба сухани ў посух нагуфт. Балки ду кафи даст бар мизи мармар ниҳод; ба шоҳ нигаристу ба шоҳзода; ба шоҳзода нигаристу ба шоҳ ва оҳиста гуфт:
— Ин манам сипаҳсолори Мақдуниё… Ҳарчӣ хоҳӣ, бо ман бикун! Дигар гуфтание надорам…
Искандар аз таки манаҳи тозатарошидаи сипаҳсолор нигарист, чеҳраи пухтаи ўро бидид, вале аз ҷаҳл нафаромад:
— Шоҳ амр мекунад, ки бинишинӣ!
— Сипаҳсолор афзору силоҳи ҷангӣ месупорад ва аз ҳамин ону соат нафрин мехонад ҷангро!
Чун Искандар донист, ки сипаҳсолор ҳазл намекунад, баланд шуд ва дод зад:
— Масхара кунӣ ё ҷиддӣ гўйӣ?
— Агар шоҳ масхара дорад, масхара… Агар ҷиддист, ҷиддӣ!
Искандар дасти ҳанўз ҳам рост доштаи Биталомуси пилзўрро зада рўйи тахтасанг хобонд ва баъд бардошта, раҳо кард. Гўё каси ақлбохта ба ҳушу ба худ омада бошад, сар афшонд ва китф дарҳам кашид, ки чӣ шуда бо ў? Наздик шуд ба Пармониён ва оҳиста гуфт:
— Ман низ нафрин дорам ҷангро… Чунон ки мебинӣ, мо дигар ҷанг намекунем… Сайру сулук дорем… Кишваркушойӣ мекунем.
Худи халқон моро чун наҷотбахш бипазиранд; хазина супоранд…
дўст доранд. Шоҳ хонанд. Магар мо гуноҳе дорем? Мо танҳо ба китоби бузурги кишваркушойӣ саҳифа афзоем.
Пармониён дарёфт, ки шоҳ ба худ омада, гуфтаҳои хешро ногуфта гирад, вале пушаймониашро зоҳир накунад. Ҳоло худи шоҳ бода гусорд ва ҷомҳои ҳар кадомро ба дасташон дод; аз ҷумла ҷоми Пармониёнро, ки чизе миёни эшон нагузашта бошад.
— Барои Мақдуниё! – зарҷоми ҳахоманишӣ, ки баъзе онро Ҷоми Ҷам низ мегуфтанд, андар Тахти Ҷамшед боло кард.
Сипаҳсолор нўш кард ва бо иҷозат ба соғару ҷомҳо май рехт:
— Ман як орзу дорам: шоҳи мо Искандари Мақдунӣ бояд аз баъзе ниятҳои ба шаъни ў номувофиқ худдорӣ кунад. Ҷойҳое, ки Искандар ба даст оварда, мулки ўст ва Искандар шоҳи он ҷост; хазинаҳои он мулк низ хазинаи ўст. Ў бояд дар тахти салтанати он бинишинад ва ҳукм ронад. Ҳар қадар обод аст, ободон гардонад. Вале ў ҳуқуқ надорад, ки доройӣ ва ободонро кандманд кунад.
Шоҳи ҷавон хеле тоқату бардошт кард, то сипаҳсолор хотима бахшад суханашро; чун муроди ў дарёфт, худдорӣ карда натавонист:
— Ман дарёфтам ва донистам, ки хуни порсӣ дар рагҳои ту ҷорист. Кори сипаҳсолор насиҳат кардани шоҳ набувад. Кори ў иҷрои фармони шоҳ бувад.

пешина
аз 391
навбатӣ