Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Дуруст, – фармуд сипаҳсолор ва аз бозуи ў дошта андаке канор бурд, то суханашро дигарон нашнаванд: – Искандар, ту бояд донӣ, муҳаббате, ки ба ту дорам, ба писаронам надорам.
Ман бо ҷон месўзам барои ту. Муродам ин аст, ки ҷаҳонгир шудӣ, ҷаҳонбон низ бошӣ. Ба даст овардани мулк ва дунёйӣ ҳунар аст ва онро нигоҳ дошта тавонистан ҳунари дигар. Он, ки дар бораи Персополис мегўйӣ, созгору пазира набувад. Бояд аз ниятат бигардӣ.
— Чӣ ният?
— Ба шунидаам ва мушоҳидаам, Персополисро оташ задан хоҳӣ…
— Агар боз нафаре мисли ту ба рўҳу асабам бозӣ кунад, хоҳам оташ зад!
— Рой турост… шоҳ туйӣ, ту – фармонфармо, мо -фармонраво.
Персополис пойтахти Эрон аст, Искандар шоҳи Эрон. Шоҳ набояд тахту бахти худро оташ занад!
— Осуда бош, сипаҳсолор. Агар оташ занам, хубтарашро пайдо хоҳам кард.
Ва сипаҳсолор чунон ки бар гарданаш ҳалқа давонда бошад, гулўяш танг шуд ва надонист чӣ бикунад, зеро итоаткори шоҳ буд…
… Тамоми шаб хоб наомад сипаҳсолорро. Бузургманишии Искандар сарашро гиҷ гардонда буд. Хонаи барҳавои вазири маккори ҳахоманишӣ нороҳат медошташ; ба назараш зарфҳои зарин ҳаракат доранд чун хазандагони заҳрпош. Боҳуи ҳазорнайранг низ аз кадом кунҷ мехазад ва ўро нобуд месозад. Нофор бувад чунин манзил. Ба чунин ҳолат дучор омадани сипаҳсолор бори нахуст набувад. Ўро борҳо рондаву пазируфта шоҳ Искандар, вале ин бор таҳқир кард: пеши ёронаш эҳтироми сипаҳсолорро нигаҳ надошт… Ҳолиё чунон тобад, ки Пармониён барои кирёси (хона) Боҳуй орияти хешро фурўхт. Дурахши зарфҳои зарин девонатар кунанд ўро, ки яке аз онҳо сипаҳсолорро насиб нахоҳад шуд. Гўё масхара кард шоҳ; сўз дод: бину бисўз. Сипаҳсолорро дил ба хидматҳояш сўзад, варна тавонад лагад ба ҷоҳу ҷалол бизанад ва чунон ғоиб бигардад, ки Искандар ҳаргиз пайдо накунад.
Корзорҳои канори шати Граник, Йусус ва Говгомол Искандарро танг омада буд; сипаҳсолор ҷони ўро сипар шуд. Кунун, ки ба зару зевар ғўтид, ҳашамати давлати Порсро дид, намедонад чӣ кор бикунад. Ё аз мастӣ, ё аз бехудӣ ва ё аз костамағзӣ Персополро оташ заданист…
Баланд шуд аз курсӣ. Дурахшид зарфҳои тиллойӣ сояҳои ўро ба ҳардевор сиёҳу тира нақш карда. Он сояҳо орому қарор надоштанд, муҳаррик буданд чун забонаи шамъҳо, нобуд мегаштанду пайдо. Гўё сипаҳсолор дар он хона як тан нест, балки чандин сар аст. Чунин нағмаҳои аҳриманӣ низ ўро нафорид. Бадар омад, то ба толори Садсутун биравад ва дар ҳошияи китоби муқддаси зартуштӣ «Авесто» бинависад, ки Искандар кӣ ҳаст ва чӣ хоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор