Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Вале дами дар пойи рафт боздошт. Сарпос нахуфта.
Андар вурўдгоҳи толори Садсутун пой кўбад аз фарти сармо ва нагузорад, ки касе аз ҷое ба ҷое гардад. Чун сипаҳсолорро бидид, пеш омад ва хидмат пурсид:
— Чӣ зарурате пеш омада, ки дар ин ғояти шаб…
— Хоб надорам… Андешаҳои беҳуда безорам карда.
— Агар андешаҳои бурдани зарфҳои зарини кирёси вазири эронист, пешкорҳо дар хидмататон ҳастанд.
— На-а-а…
— Ба Мақдуниё фиристоданӣ ҳастед?
— На-а-а. Чунин фикр дар сарам нест. Ман аз ибтидо фикри тиллоро надорам. Чун дар ҷавонӣ хуни тезам маро ба користонҳо мекашид, ин замон пушаймонам аз корзорҳои кардаам…
— Чаро чунин гўйӣ, сипаҳсолор? Ба гўши шоҳ расад, нохуб шавад…
— Шоҳ ин чизҳоро донад. Ман имрўз дарёфтам, ки ҷанг барои инсон набувад.
— Инро ҳама донанд, ки ҷанг сагонро зебанда, аммо нафси шум одамро низ ба майдони ҳарб кашад.
— Лекин ту умед дорӣ, ки мо дубора Мақдуниёву Юнонро бубинем?
— Яъне, чӣ?
— Олам беохир аст. Чунин Дориюш гурезаду мо гурезонрас тохтан гирем, тарсам, ки раҳгум занем.
— Ман сипаҳсолорро ҳеҷ гоҳ чунин рўҳафтода надида будам
— Худам ҳам чунин гумон надоштам, ки рўзе ба чунин ҳол бирасам. Шоҳ куҷост?
— Андар мушку.
— Ҳмм…
— Хидмате буд?
— На. Шоҳро хидмате нест, лек туро ҳаст.
— Бошад.
— Маро хоб нест… Биё ба толори Садсутун биравем ва чанд оя ё ниёише аз он китоби муқаддас бихонем.
— Сипаҳсолор балад ҳастанд хати авестоиро?
— Бале, хати авестойӣ ва порсӣ якест – мехӣ. Вале забонашон фарқ дорад
— Пас шоҳ дуруст фармуда, ки сипаҳсолор хуни порсӣ дорад?
— На. Хунам юнонӣ, вале забон омўхтаам, – дурўғ гуфт сипаҳсолор.
— Пас маро гўед, ки чӣ хондед?
— Гўям, ҳатман гўям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор