Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Сипаҳсолор ба толори Садсутун бирафт. Сарбозони сипоҳи мақдунӣ ҷафс ба якдигар хуфта буданд. Пармониён нўг-нўги пой ба ҷое расид, ки рах задани авроқи китоби муқаддасро дида буд.
Чун зери партави хираи шамъи буни сутунҳо китобро надид, ҳайрон бимонд. Вале сипоҳиёни хастахуфтаро чизе нагуфт, бедор накард ва напурсид. Ошуфта баромад аз толор, ки бо хости Искандар китобҳоро барҳам задаанд.
Чун сарпоси пурдида зуд ва ошуфтаву парешон баромадани сипаҳсолорро дид, пеш омад ва духўра пурсид:
— Дар торикӣ хонда нашуд?
— На-а, китоб нест он ҷо!
— Чун нест? Чаро нест? – гўё ҳама ташвиши дунё ба сари ў бор шуда бошад, безобита гашт.
— Инро аз сарпос бояд пурсид, – ташвиши сохтаи ўро пай бурда пурсид Пармониён.
— Донам, ки буд. Амре нашуда, ки ба ҷое бубаранд. Магар
1 сипоҳиён густарданӣ карда? Ё барои зудуда гирифтани тиллояш рабуда?
— Чаро аз ман пурсон шавӣ? Ман, ки аз ту пурсидам, – гуфт базаҳра сипаҳсолор ва ба кирёси Боҳуй рафт. Агар рўз буд, ба мушкуи шоҳӣ рафта буд.
Субҳ, ки сипаҳсолори пир бо чашмони бехобу варамида назди шоҳ мерафт, дар дасти ҳар сарбоз варақе аз китоби муқаддасро дида ҳайрон монд:
— Чӣ кунанд бо ин варақҳо?
— Дар домани пардаҳо ва даркашҳо бидўзанд.
— Чаро?
— То хонда, ба сарбозон шарҳ диҳанд.
Тааҷҷуб кард Пармониён ва китф дарҳам кашид, ки найранге ҳаст; ҳеҷ кас китоб ё саҳифа дар домани парда дўхта нахондааст. Пардадори мушкуи шоҳӣ сипаҳсолорро огоҳ кард, ки шоҳи шабрав ҳанўз аз хоб бедор нашуда. Сипаҳсолор боз омад ба назди сипоҳиён, то бубинад, ки онҳо чӣ кунанд бо авроқи авестойӣ.
Воқеан онҳо варақҳо бар пардаҳо мечаспониданд. Пармониён оне бовар кард, ки Искандар барои омўхтани «Авесто»-и муқаддас чунин амр карда. Вале боз ҳамон фикр ба сараш зад, ки китоберо бо чунин усул наомўзанд: «Макре ҳаст.»
Сипаҳсолор мегашт пеши сафҳои тўлонӣ, ки варақҳои пўсти ошдода даббоғишуда ва бо зар навиштаро пеши пою зону медоштанд. Ба назари Пармониён дувоздаҳ ҳазор варақ намебаромад китоб. Зеро сарбозон ду варақӣ доранд ҳам, боз зиёда мемонд пўст.
Пиндошт шоҳ хидматона дода сарбозону афсаронро, то зарҳали
- Густарданӣ – мафраш, қолӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор