Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

он тарошида гиранд. Аз ин рў онҳо пойафзорҳои дарида ва сари зонуҳои ворафтаи эзорашонро бо пўстҳои навишта пинҳон медоранд. Дерёз истоданд сафоростагон. Сипаҳсолорро равшан набуд, ки онҳо киро ва чиро нигаронанд. Зеро ҳанўз сипоҳиён субҳона нахўрда буданд; сари пой меистоданд ва ягон-ягон рўйи варақҳо сўйи хеш гардонида ва баробари чашм бардошта хонданӣ мешуданд ва тиллояшро бармекашиданд бо чашми сар. Баъзе хатҳои зарини мехиро дида, тааҷҷуб мекарданд ба чунин хат ва дурахши тиллои рўйи пўст, ки чашмашонро мерабояд; афсўс, ки хонда наметавонанд.
Баъд аз чашмдориҳои зиёд шоҳ баромад аз мушку ва омад ба саҳни диж. Чун Пармониёни пири саҳархезро дид, чеҳраш турш шуд, лекин касеро чизе нагуфта, рў ба сипаҳсолор овард:
— Гўянд, ки сипаҳсолор хату забони авестоиро балад бувад; ин китоби муқаддасро хонда, ба мо тарҷума хоҳад кард.
Сипаҳсолор заҳрханда кард:
— Он ки шоҳро оварда, дурўғ оварда. Иқрор мекунам, ки тамоми шаб хоб набурд, берун аз кирёс шудам: гумонам рўҳи Боҳуи маккор маро аз хона бурун овард…
— Боз чӣ варсоқиҳо гўйӣ?
— На. Варсоқӣ набувад. Чунон буд, ки истода натавонистам андар хонаи Боҳуй. Бадар рафтам. Сарпосро дидам ва бо рухсати ў ба толори Садсутун шудам, то дар радифи номи Зартушт пайғамбар номи Искандари Мақдуниро бинависам...
— Искандарро ниёзе ҳаст бар ин?
— На, Искандар бар ин чизҳо ниёзу эҳтиёҷе надорад… Искандар қаҳрамон буда, шоҳ буда, лашкаркаш буда, писари Худо буда, вале пайғамбар набуда. Ман хостам номи ў дар қатори номи Зартушт бинависам ва гўям: «Искандар пайғамбари мост!»
Ва ин сухан даҳон ба даҳон рафт аз саф ба сафе: «Искандар
– пайғамбар!»
Шоҳ шод шуд аз ин ҳол, вале ҳоло сабаби шабона ба толори Садсутун омадани Пармониёнро мехост:
— Ва сипаҳсолор шубҳа дорад, ки номи Искандар дар таърих бимонад?
— На, шубҳа надорад. Яқин дорад, ки номи шоҳ Искандари Мақдунӣ аллакай дар саҳифаи таърих бо хатти зарин набишта шуда…
— Ту ҷосус ҳастӣ, сипаҳсолор! – фармуд Искандар ва андаке таваққуф кард, то аз сипаҳсолор чӣ ояд. Ў сар андохта буд ва андеша дошт, ки чӣ гўяд ба чунин тўҳмат. Искандар афзуд:
– Чанд бор маро аз роҳ заданӣ шудӣ, то ҷангро хотима бахшам; баргардам ба Мақдуниё… Ба назар ғами сипоҳиёнро хўрӣ; маро ба некномӣ хонӣ…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор