Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳолиё низ ниятам чунин аст. Сабаби дар радифи номи Зартушт набиштанам номи Искандарро некномии ўро хостанам буд.
— Ту саҳв мекунӣ, сипаҳсолор! Номи дигарон бояд дар радифи номи Искандар бошад, на номи Искандар дар радифи номи дигарон!
Пармониён аз кўтаҳназарии шоҳ ҳайрон шуд ва чун донист, ки шоҳ посух мехоҳад, фармуд:
— Он чӣ шоҳро меоранд, биоваранд. Шоҳ ақлу ҳуш дорад ва чашму гўш; бинад, шунавад, хулоса барорад. Бовар кунад ё бовар накунад, рой ўрост. Гўям, ки сипаҳсолори шунидаву дида танҳо дўсти шоҳ Искандар набувад, балки дўсти хонадони шоҳони мақдунист. Агар Искандар маро адў донад, ман бояд аз лашкари ў биравам.
— Тарсуиҳои туро медонистам; дар лаҳзаҳои танг ҷангро хотима додан мехостӣ.
— Шоҳро як нукта гўям: огоҳ ва эҳтиёт аз онҳое бошад, ки хешро ба шоҳ хеле наздик гиранд ва росту дурўғро бефарқу бедареғ оранд. Ҳикмати шарқӣ ҳаст: «Кирми дарахт аз худи дарахт» ва ё боз гўянд: «Дарахт барои маҳви худ табарро даста диҳад!»
Искандари оташгуҳар гўйӣ аз хоб бедор шуд:
— Дўстиву душманӣ дар сухан нашавад, чунин сириштаҳои инсониро мурури замон нишон диҳад.
— Оре, шоҳ! Ман низ хоҳам, ки он рўз зудтар фаро расад ва шоҳро дўсту душман аён гардад ва шоҳ Искандар нияти поки сипаҳсолорро дарёбад…
— Дар хоҳам ёфт. Ҳеҷ чиз аз назари Искандар пинҳон нахоҳад монд. Вале гумоне набуд андар сари ман, ки Искандар гумном гардад ва бо набиштани сипаҳсолор дар қатори номи оташпарастон ҷовидона бимонад.
Пармониёни бомулоҳиза ва дурандеш чун донист, ки шоҳи шўридасар бо сухан рому ҷўр нагардад, чун ҳамеша фармуд:
— Рой шоҳрост…
Искандар ё суханони сипаҳсолорро ба инобат нагирифт ва ё писанд накард, ки эътиборе надода сўйи сипоҳиён рафт, назди сафҳоро гузашт; дар равшанойӣ ба ҳарфҳои дурахшони офтобранг зеҳн монд, ки ниҳоят хуш, зебо ва чашмрабо буд. Шоҳ афсўс хўрд муғамбирона аз надонистани ин хату чунин забон:
— Ба толорҳо!
Саф-саф ба толорҳо рафтанд. Сипаҳсолор дарёфт, ки пешакӣ нақшаҳо кашида шуда ва шоҳ намоише омода карда. Гирифтору ҳайрон монд дар ҷояш ва нарафт аз пайи сарбозон. Худ ба худ андешид: «Чаро «Авесто»-ро ҷудогона омўзанд андар толорҳо?»
Искандар бо ҷондорҳояш буд ва бо горди «Дўстон», ки қадаме аз ў дур намерафтанд, зеро ҳанўз ҳам бовар надошт, ки эрониён чунин дижу чунон хазинаро ройгон ба душман партофта, ҳазимат карда бошанд: «Макр».

пешина
аз 391
навбатӣ