Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Рўзе дошод зарафсару зарпайкару зарҷома ба соҳибонашон хоҳад баргашт. Ба сони он дастобаҳои сафолӣ, ки ҷо-ҷо пур аз оби истахр меистанд аз даҳон хўрда аз бинӣ хоҳад рехт. Искандар гўшаи чашм кард Пармониёнро, ки ҳанўз яккамех барин истех буд миёни майдон. Шоҳ низ ўро чизе гуфтанӣ нест; зеро сипаҳсолор назари худро гуфта ба чунин рафторҳо, вале шоҳи кинавари қасдситон аз роҳу ройи хеш нахоҳад гашт. Ва чун шоҳ донад, ки он гўри гурезон – Дорои Саввум ба даст наомада; рўзе набарди сахт хоҳад шуд, аз ин рў сипаҳсолори корсози пайкорҳо чу нўшдору зарур хоҳад буд.
Ва ин замон лашкариён бурун омаданд аз толорҳо. Дастонашон тиҳӣ аз авроқи зарин. Шоҳ медонист, ки рўйи пардаҳо ва андар домони онҳо дўхтанд; сипаҳсолор гумон дошт, ки сўхтанд. Ва онҳо аз куҷо донанд, ки пайғамбари озарниҳод Зартушт зар бо хуни дил ва мағзи сар ошурда ин варақҳоро зарнигор кардааст…
Пармониён андешае низ дорад, ки шояд нахуст зари онро бизудоянд, пасон сўзанд…
… Аз куҷо донанд онҳо, ки Дориюши аввал, Хишоёршоҳ, Ардашер – шоҳони ҳахоманишӣ ба ободии ин ҳисори беназир чӣ хидматҳо кардаанд. Искандари харобкор ба барандохтани дижу кўшкҳои таърихӣ усто гашта; харобкориву саргирӣ заҳмате надорад. Ба назараш искандариҳои зудсохтааш хубтар буванд аз дижҳои ҳунармандона сохта.
Аз сар нах кашиданд сарбозҳо. Барқасди Пармониёни пир буд ва ё нақшаи пешакӣ, Искандари бузургманиш ва баъзан донодил хеле қадам зад ва садо дардод:
— Имрўзу пасрўз базми пирўзӣ хоҳад шуд! Ҳар кас тавонад, ҷуфти хешро пайдо кунад!
БАНДИ ҲАШТУМ
Шоҳ Искандар пеш аз он ки ҷашн орояд, номаи огоҳонаи
модарашро аз ҷайби хафтони зери ҷавшан бурун овард ва сатрҳои
ҷолибашро, ки гоҳ-гоҳ мехонд, боз бихонд: «Аз рафтору кирдорат
огоҳ гаштам, ки ту аз «дўстон» шоҳ хоҳӣ сохт ва хешро ҳақиру
забун хоҳӣ кард. Он муздурон имрўз ё фардо ғаниматҳои ба
даст оварда ва бахшидаҳои туро бардошта натавониста, бо ҳар
баҳонае сари роҳҳо хоҳанд монд ва шоҳи худро танҳо ба корзор
хоҳанд фиристод. Воқиф гаштам, ки шоҳи ҳахоманишӣ Дорои
Саввум барои таъмини лашкару заруриёти шоҳӣ ҳашт ҳазор
толон бо худ гардонад. Бидон, ки яке аз дўстони ту зиёдтар аз он
- Дошод – подош, мукофот; ато, бахшиш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор