Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ганҷ дорад. Равшан гашта, ки «дўстон» на аз барои Искандар ва ё шўҳрати Мақдуниё ё миллату халқ, нангу номус биҷанганд, балки барои симу зар талош кунанд.
Искандар! Кўдаки нозанини ман! Шояд худи ту низ аз барои ганҷдорӣ ба он дуриҳо рафта бошӣ? Бидон, ки душмани ганҷ-
1 дор фузунтар шавад аз камечи шоҳон… Бидон, ки ҷанг аз ҷанг фарқ дорад: агар барои Мақдуниё ва халқи он меҷангӣ, фардо ҷовидона хоҳӣ монд (ҳарчанд ман зидди ҷанг ҳастам, инро аз дуриҳо бароят мегўям); гар аз барои доройӣ набард дорӣ, фардо таънасор ва маломатзада хоҳӣ шуд; гар барои ҳавас ва шавқу завқи баччагӣ ё аз бекорӣ овард мекунӣ, фардо хандахариш гардӣ;
2 агар барои гарзани каёнӣ ва тахти оҷ овехтанӣ бошӣ, фарру шукўҳат бар он нарасида… зери поят зеркунда хоҳанд гузошт…
Ту наранҷ аз ман; дўст занад табарвор… Зеро ҷуз модарат касе ҷуръат надорад ҳақиқати мутлақро ба ту ошкор созад. Онҳо, ки туро зеҳозеҳ гўянд, танҳо ангез диҳанд… Дар ин олами ҳастӣ инсонро душман фузунтар аз дўст; дўстон низ душмананд ва дар сари мўй гарданд аз ту ва кори хеш кунанд. Бавижа эҳтиёт бояд шуд аз ҷинси зан; маҳз аз гетерҳо… Зеро гетерҳо танҳо дар болини як мард сар мондан нахоҳанд; хоҳиши онҳо баробари нозу ишвааашон. Онҳо чунин ҳисобанд, ки барои шўҳрат офарида шудаанд ва кўшиш кунанд комгор ба ҳама чиз бошанд… Агар реги соҳилро шуморида тавонӣ, ба макри зан сарфаҳм хоҳӣ рафт…
Эҳтиёт бош! Зинда бош!»
Дар он замон тиллои хосаи Искандар, ки бо худ мегардонд, аз яксаду ҳаштод ҳазор толон афзуда буд. Ва ў гуфтаи модарро киноя дониста хашм гирифт ба Олимпиада, ки аз дуриҳо низ таъна бар писар занад. Оташсарӣ ҷой надошт ҳоло, бибояд андешид.
Зеро модари пазмонгаштаи писар таънаву киноя накунад… Ёд кард модарро ва симои қаҳрамононаи ўро пеши назар овард; фаромад аз асби ғазаб. Зеро модар буд, ки писарро ба ин дараҷаҳо расонд: «Аз дилсўзӣ гўяд…»
Ба пиндори хеш Искандар оламгир бувад, вале ба модар дастҷомае накарда. Ҷуз фиристодаҳое, ки ба модар расад ё нарасад? Зеро ягон-ягон мактуб мерасад, ки сол мегузарад. Баъзан шоҳ андеша мекунад, ки гуфтаҳои модар бештар ба огоҳиҳои сипаҳсолор созгор бувад. Гўё дар хоби якдигар даромада ройзаниву ройсозӣ кунанд, ки кирдору рафтори Искандар дархўри мақдуниён нест.
Дижам гашт ў, ки ба эҳтироми модари мардхў рўй аз падар гардонд; носоз бо ў гашт; то ҳадде расид, ки наҷоди худро худоён донист, на инсони заминӣ шоҳ Файлақус. Ҳолиё, ки шўҳраташ ба

  1. Камеч – душман.
  2. Гарзан – тоҷ.
пешина
аз 391
навбатӣ