Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

авҷи кибриё расида ва аз Қоф то Қоф дар тасарруфи хеш оварда, модар таънаву киноя бар ў занад… Искандар он баччае нест, ки ҳанўз ҳам модараш саркўб кунад. Искандар мояи ифтихор ва ситоиш бувад…
Ва созгор ба чунин андешаҳо пайк омад, ки ашрофзодагони Эроншаҳр дидорбинӣ омадаанд пеши Искандаршоҳ. Шоҳи навини Эрон пазируфт эрониёнро, ки на ба сўҳбату дидорбинӣ омада буданд, балки бо ду дасти адаб зару хоста ва дода оварда буданд…
Ва Искандар зуд ононро раҳо накард; меҳмоннавозӣ кард ва сўҳбат орост дар боби шоҳони гузашта ва расму оини эрониён.
Чун асилзодагон наметавонистанд шоҳони порсиро мазаммат кунанд «Шоҳи мақдунӣ хубтар аз мо донад шоҳони порсиро»
гуфтанд. Чунин посух хуш наомад Искандарро, ки ўро ҳанўз ҳам «шоҳи мақдунӣ» ном баранд; дар сурате, ки ў ҷаҳонро зери даст карданист. Ў дар шигифт низ буд, ки чун монда ганҷ дар дасти эшон? Чунки сарбозони мақдунӣ ҳамаро зара ба зара рабуда буданд.
— Шумо аз дохили шаҳр ҳастед ё аз музофоти он?
— Мо аз музофот, маликуррум, – посух доданд ва бо рухсати шоҳ рафтагор шуданд, аммо Искандар онҳоро боздошт ва ба базми Искандарӣ хонд. Ашрофзодагон сипосгузор шуданд, зеро ҳузури хешро дар базм ноҷўр медонистанд. Пас Искандар эшонро гуфт:
— Минбаъд сатрапи Эроншаҳр Фрасаорт хоҳад буд; ҳар дархосте пайдо гардад, муроҷиат бо ў кунед…
Пеш аз он ки шоҳи мақдунӣ оғоз ба базми Искандарӣ кунад, нигоранда Коллисфени аз ёдҳо қариб фаромўш гаштаро пеш хонд, то нома иншо кунанд ба номи Арасту: «Ай устоди донодил! Бидон, ки ман дар кишвари Эрон мардуме мебинам хирадмандтар аз мардумони дигар; тезҳуш, дар ҷаҳондорӣ пешдасту пештоз; бар дигар фармонравоён гарданфароз. Аз чунин мардум ҳаросонам…
Мабод, ки бар ман ситезанд ва кишвару ҷаҳондории маро пуршўру пурошўб кунанд. Бар он шудам, то ҳамагӣ он мардумро бедареғ бигзаронам аз дами теғ… Зеро сабаби чунин ситезу қасосро дар номаи пешин ба шумо навишта будам… Устодро чӣ рой бувад бар чунин масал?»
Нома фиристод устодро. Вале намедонист, ки Арасту ин номаро чӣ гуна пазирад ва чун посух гўяд…
Ва аммо чун додаву овардаҳо пеши чашмонашро баста буд, фаромўш кард ҳама чизро ва муҳайё сохт ҷашни Искандариро.
Зеро ба ҷашни пирўзӣ гуфтан забонаш намегашт, ки ҳама ройгон омада; «Базми Искандарӣ» номид. Ҳанўз шоҳи омада аз ҳашмату бузургии дижи тозакуҳан ва ободонии Эроншаҳр ба худ наомада буд.

пешина
аз 391
навбатӣ