Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шукўҳи Тахти Ҷам на танҳо ақли сипоҳиёнро хира гардонд, балки ақли Искандарро низ дуздида, оташи кину рашки ўро доман зада буд.
Ў овора буд ба айши хеш ва гўшашро намерасид, ки чун зуза мекашад бурҷу гўшаҳои дижу кўшк; чун менолад гўрхонаи шоҳон андар машҳади модари Сулаймон, миёни ду санги азим.
Ба назари касе наметобад, ки чун мурдаҳо кафанбасар аз гўрҳо ва сари бораҳои баланд, паҳлўи гўрхонаҳо ҳамчу дидбонҳо ва посбонҳо қомат афроштаанд, то ҳомӣ гарданд Эронро. Танҳо шоири сапедчашми монанд ба Яъқуб мебинад ин користонро, вале намеёрад касеро гўяд; зеро бовар накунанд ба ў, ки он чӣ бино набинад, кўр чун бинад? Шоири нобино рўйи ниёз меорад худои яккаву ягонаро: «Худовандо кўр гардон эрониёнро чу ман, то бубинанд ин моҷароро!» Ва баъд дасти сўйи осмон бардоштаашро фурў дод; сар афшонду аз зеҳн гузаронд: «Ангуштшумор касоне ҳастанд, ки барои обрўи халқу миллат ва пойдории кишвар камар банданд. Бисёриҳо дар ғами шўҳрат, тахту тоҷ ё симу зар даргузаранд. Вале чун ҷайбашон пур шуд, рўзи танг заро бардошта, мулкро гузошта, фирор кунанд; зану фарзанд аз ёд диҳанд.
Эшонро болотар аз ҳирс, нафси баду шум чизе набувад; чашми гуруснаи ононро ҷуз хок чизе сер накунад. Ва чунин касонро хок дертар кашад аз некнафсон. Зеро зар камари чунинон қавӣ ва қоматашон боло дорад… Парвардигоро! Ту донӣ, вале ман надида, ки касе сари худро ба ҷойи сари дигаре зери теғ гузорад:
ҳатто фарзандон ба ҷойи зодагон ва зодагон ба ҷойи фарзандон сар супурдан нахоҳанд; гарчӣ дар навҳаашон «кош ба ҷойи ту ман мемурдам» гўянд. Ҳама аз мурдан тарсанд, ҳатто каллабуру сархўрон. Худовандо! Ту чихел офаридӣ ин ҳамаро? Магар илоҷе набуд, ки инсонро меҳрубонтар, боинсофтар ва хушнафстар аз ҳайвон офарӣ? Ҳайвонҳо низ доранд ҳама ноқисиву норасоиҳоро; онҳо низ талош кунанд, ситезанд, барои ҳимояи нангу номус ба майдон оянд, вале то мурдан аз пайи қасду қасос нашаванд…
Бисёррўятар аз инсон дар рўйи замин ҷондоре набувад ва кинаву хашми ўро чизе баробар нагардад… Ман бо шумо гўям, пасовандон! Инсонро бовар накунед! Ҳатто худ ба худ бовар накунед, ки дурўғ гуфтанатонро донед; фасодатонро донед; дил дигару забонатон дигар буданашро донед; ният дигару амал дигар буданашро худатон созед; гуфторатон дигар, рафторатон дигар: шумо беоина, беоб, бесангу сафол бинед, ки ду рўй доред: сапеду сиёҳ.
Аммо қоил наоед, ки шумо чунин кас ҳастед. Ҳол он ки миёни ду рўйи сиёҳу сапед садҳо рўйи дигар доред, ки дар сояи ин ду ранг натобанд. Миёни ду рўятон биние ҳаст, вагарна як чашматон

  1. Тозакуҳандиж дар замони ҳар шоҳаншоҳ комил мегашт ва илова мегирифт.
пешина
аз 391
навбатӣ