Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

чашми дигаратонро кофта мехўрд... Ҳамаи инро гоҳе дарку фаҳм кунед, ки ба саратон мушкилоте бор шуд ва мушкилосоне надоред.
Гоҳе ки пай мебаред дар ин саройи дудар танҳо ҳастед; касе ба додатон нарасад; ба сари бора омадаед ва ҳолиё як лагад зада ба варта меандозанд… Ба пас нигашта мебинед, ки касе нест, шуморо сиёҳии ҷурматон пахш кардааст, воҳима гирад вуҷудатонро; кўҳ бор шавад ба саратон… Гиребон мегиред, ангушти пушаймонӣ мегазед ва тавба карданӣ мешавед, аммо забонатон намегардад.
Зеро пеш ҳам, пештар ҳам, дўш ҳам ин гуна тавбаҳо шуда буд; гоҳе ки гуноҳ шуда буду бароятон нек омад, вале дил хиҷил буд.
Он гоҳ Худоро ёд оварда будед, боз фаромўш кардед… Одамӣ бе оина набинад симои хешро; агар дар он лаҳзаҳои номатлуб медид андоми худ чӣ зишт будани хешро дармеёфт… Афсўс, Худованд ҳамин зайл офарида шуморо, ки ба ҳазор ранг гардеду набинед худро… Хуб, шумо худатонро надидед, вале гуноҳатонро донед; донед, аммо вонамоед, ки надонед; гўед, ки надонед; санганд хўред, ки надонед; зеро иқрор кардани гуноҳ шуморо баробари марг аст… Шумо тарсед аз марг, аз ин рў онро дидан нахоҳед, ки зўртарин, бузургтарин ва тарсовартарин офаридаи Худованд бувад! Шумо аз он тарсед, ки Аҷал ном дорад; дигар аз ҳеҷ! Ман ба номи шумо савганд мехўрам, ки шумо аз Худо наметарсед!
Агар метарсидед, чунину чунон намекардед; зеро бузургтарин тарс гуноҳ бувад… Искандари ҷаҳонхоҳ низ чун шумо як касест, вагарна ҳама гуноҳонашро иқрор мекард!!!»
Зуза мезанад дижу кўшк, зуза мекашад шохони дарахтон аз боди самум; зуза мезананд сагон чун гургони биёбонӣ, сайҳа доранд асбон, бонгу наъра занад сутурон, парвоз доранд кабўтарон аз нолаи тифлон ва нафири бевазанон.
«… Аз ин марз бўйи сўхта меояд…»
Ба ҳарфи шоири сапедчашм гўш намедиҳанд; девонааш хонанд.
Гардан фурў мекашад чун сангпушти рамида миёни шонаҳо, ки нобоваранд ин мардум. Ҳар кӣ шуданду нашуданд аз содагӣ ва аз нобовариашон. Душманро бовар доранд, дўстро на.
Пушт гардонду бирафт ҷониби офтобнамо, ки орзуи Искандар бувад, вале пешорўяш гўри Куруш барояд.
Ва базми «пирўзӣ» орост шоҳи тозаҷулус. Чунон базм, ки на худ дида ва на дигарон. Искандари дамон, ки ин замон касеро дамсозу созгор намедонист, фурў рафта буд ба худ. Шароби арғувонии отинӣ мехўрду ба андеша мерафт ва фузунтар аз шоири сапедчашми дунё бо чашми дил дида мулоҳиза меронд; ду андеша буд, ки бо ширеш ошурӣ, ба ҳам намеомехт чун Аҳриману Ҳурмузд, ки яке бадиро ва дигаре некиро худованд буд. Яке бештар ба торикиҳо дида дўзад ва ободон хароб гардонад, дигаре сўйи осмон дида дўзад, то равшанойӣ бинад. Вале чаро Аҳриман, ки хунхор офарид, зебо офарид, бино офарид; чаро Ҳурмузд, ки шоир офарид, нобино офарид? Якеро чашми сар дод; дигареро чашми дил.

пешина
аз 391
навбатӣ