Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳо, Аҳриман гуфт: «Бо ҳуснаш бифиребад мардумро».
Ҳурмузд гуфт: «Бо чашми дил бинад гетиро.» Ва то Аҷал бархўрд хоҳад кард ин ду қувва… Андаке пеш шоири сапедчашм гирифтор буд бо андешаҳои худ; лашкаркаши бузург ғарра ба пирўзиҳо ва кишваркушойӣ ва дунёҷўии хеш, ки дар чунин синну сол ба чунин мартаба расидан – шоҳи Мақдуниёву Юнон будан ва ҳукмрони Осиёи Хурду Осиё шудан на корест хурд.
— Биравед!!!
Дастболо фарёд занад ў. Пеши чашмонаш шабаҳҳо пайдо шаванд. Парешон кунанд ўро ва як лаҳза пардаи чашмаш сапед гардад, баъд сурх шавад; хунгирифта. Зўри ҷавонӣ чира ояд; пароканда кунад рангҳоро; ғурур афзояд:
— Куҷоянд гетерҳо!?
Гетерҳои соҳибҷамол донанд, ки шоҳ дар чунин ҳолатҳо пазмону пазиро гардад ононро. Бо ҳазор ишваву ноз барга бар синаҳо гузошта, таносул пинҳон дошта, тиҳирон, бараҳнакамар; «Зулфошуфтаву хайкардаву хандонлабу маст, Пираҳанчоку ғазалхону суроҳӣ дар даст…» хуморӣ, рону думбаву миён ҷудо, сина ҷудо, китф ҷудо, гардан ҷудо, сар ҷудо ҷунбон-ҷунбон ва ларзон-ларзон, хиромону навон ҳозир шаванд.
Шоҳи ҷавон худдорӣ карда натавонад, хуни гарм бар сараш занад; тезхунтар шавад, барҷаста аз маснади оҷ ва заркўб паймонаи моломол ёзад эшонро. Гетерҳои хубчеҳру нозанину ҳушрабо сар андозанд дастафшону покўбон ва бо нозу адо рабоянд ҷоми дарёзидаи шоҳро; чунон ки дил аз синаи шоҳи шаҳвонӣ бурда бошанд, майл аз паси ҷом кунад ва сармасту аласт покўбон хиромад ба дунболи эшон. Аз ҷўши хуни ҷавонӣ ва ангези шаҳвату шўҳрат фаромўш кунад хешро, ки шоҳ аст. Даст ҳалқа гардонад бар камару гардани раққосаҳо, ки хилофи шоҳаншоҳии Эрон аст ва каёни порсӣ. Гетерҳои таълимдида ҳунар намоянд, то ба шоҳи гетихоҳ хуш оянд, зеро онҳо маҳз барои ҳамин офарида шудаанд ва омўхта гаштаанд, ки бо ҳунари беназири хеш ақлу ҳуши мардон бирабоянд. Раққосаҳои барнову тозарў ишваву ноз ва карашма доранд бештар сўйи шоҳ, то писандаш гарданд ва ақаллан шабе ҳамболини ў бошанд. Зеро донанд, ки шоҳ ҳама ҳунар ва андому аъзои ҷунбону навони ононро аз назар гузаронад, даҳону биниву чеҳраи зебо ва соқу рону миёну сари гардани онҳоро эътибор диҳад. Вале Искандар вонамуд мекард, ки аз баҳри аъзову андоми онон баромада, банду гирифтори ҳунари нотакрорашон аст.
Аз лаби додаҳои имрўзаи ашрофзодагон зару сим пошад бар сару қаду қомати гетерҳо, вале чунон ки таъкид шуда бошад, касе нигоҳ накунад сўйи тангаҳо ва бар аз замин надорад. Тангаҳо зери пойи нозуки гетерҳои отинӣ дуруштӣ доранд, вале онҳо дарку эҳсос накунанд. Шоҳ аз миёни онҳо боз пазируфта Тойиси соҳибҷамолро, ки зиёдтар аз Искандар тамрину варзиш кунад дар ҳунари хеш, ки шоҳ дар ҳунари набард. Ва шоҳзодаи мисрӣ Биталомус аз ин рў ошиқу шефтаи ин соҳибҳусну соҳибандому соҳибҳунар бошад.

пешина
аз 391
навбатӣ