Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Чӣ андешае ба сари Искандари корогоҳ зад, ки раҳо кард гетери ҷавону хубчеҳрро ва бурун рафт аз доираи раққосаҳои боҳунар. Шояд нигоҳи тези Барзин ё дасту по заданҳои Геракли хандон андар бағали доя ўро аз давра бурун оварда бошад. Искандар нарафт ҷониби Барзин, балки ин тани «Ба базм андарун осмони вафост, Ба разм андарун тезчанг аждаҳост.» хеле мўлид андар зергоҳ ва пас ҷомаи зарнигор ба бар, миғфари душохаи Куруш бар сар бинишаст бар авранги зарин, то аз нав бинаду биандешад, ки чиро монад; ин ҳама ҳамсози ўст ё на? Ба назари ў ҳама чиз табиӣ битобид; ба назари дигарон чунон тофт, ки одами шохдор булаҷаб аст. Аз инсонӣ то ҳайвонӣ фосилаи зиёде нахоҳад; аммо аз ҳайвонӣ то инсониро фосила набувад.
Ва аммо Искандарро ба ин чизҳо эътиборе набуд, балки андеша дошт ба тавру хости худ; гарчӣ чашму нигоҳаш гетерҳоро буд, ҳушу ёдаш банд ба дигар андешаҳо… Чашмони хумории ў тангтар шуданд. Кина дорад дар дил, аммо наёрад ё нахоҳад рў орад ба ў. Зеро андешаҳои шоҳро сипаҳсолори огоҳдил донад ва ҳамроҳи Олимпиада садди роҳаш хоҳанд гашт. «Падарам аз гўр зинда шуда ояд ҳам, ба ҳарфаш гўш нахоҳам дод…» аз дил гузаронд ва ҷом ба сар кашид, то равшан гардонад мағзашро; баракс шароб тиратар кард мағзашро.
Гетерҳои нозанину хушадо метананд гирди маснади ў, то зар афшонад бар сарашон. Он гоҳ дарёбанд, ки болида дошта рўҳи шоҳро. Вале Искандарро ин чизҳо андармонианд. Дар сараш андешаи дигар дорад: андешаи Эроншаҳр: «Оё вафо кунад мақдуниёнро? Персопол шоҳони ҳахоманишӣ ва эрониёни асилтухмаро бақо накард; оё маро бақо кунад?» Ба чунин пурс посухе наёмад; на аз замин, на аз само.
Шоҳи ҷавон ба чашми гетерҳо миёни либоси фохири эрониён моҳе буд шомхўрда. Ва чун гиреҳ мегирифт миёни абрўяш, ба дон мемонд, пораи абри даргузар гирифта рўйи моҳро. Ва якбора ҷиготаш гирифт, турш шуду тунд бар тахт.
Тойиси хушхиром ҳозир шуд андар зергоҳи маснади шоҳӣ хандону навон, ҷоми шароб дар даст хушрўву хушгў. Ҳеҷ зане, дўшизае, маъшуқае, раққосае чун ў ширин, намакин, пурҳунар ва пурэъҷоз наметофт андар чашми хумори шоҳ.
— Тойис, ҷойи ту ин ҷост! – канори хешро ишора кард Искандар ва раққоса аз зергоҳ пештар омад – паҳлўи тахт. Гўйӣ санами порсӣ, маликаи хубон нишаста ёни шоҳи ҷаҳон.
Онсўтар зани малик Барзинро рашк ноором мекард ва дўстдори Тойис шоҳзодаи мисриро андар ҳавои сард арақ пахш карда буд; хун зад бар сараш, аммо илоҷе надошт, шоҳ шоҳ бувад. Воҷиб аст ҳукми ў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор