Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рў Барзин ҳам, Биталомус низ ҳам мўҳри хомўшӣ бар лаб заданд.
Тойис мепечад ба худ чунон ки мор, то ақлу ҳуши шоҳро бирабояд. Ҳол он ки кайҳо бурда ақлу қарору тоқату ҳуши ўро ва шоҳ гирифтори зулфи сиёҳи ў гашта. Парвоз дорад товуси хиромон ва тавсани навон. Чун дар кафи шоҳ дона бинад, пеш ояд мурғаки ром.
— Ай мақдуниписар! Туро дил сўзад ба Отини сўхта? – равған рехт бар оташи дили Искандар.
Шоҳ гўйӣ маҷоли сухан надошт аз гирифторӣ, хуши садо кардан низ. Кишна намуд чу курра, ки тифлона буд сар афшонданаш.
Ва сўйи Тойис даст ёзида фаҳмонд, ки ҳолиё вақти чунин ҳарфҳо набувад: маю маъшуқаву мусиқӣ мебод… Тойис чун дарёфт, ки ҳаваси шоҳро ангехтааст ва ҳар чӣ фармояд ў ҳозир аст… ноз кард:
— Ай шоҳи мақдунӣ! Магар гузаштагони хешро эҳтиром надорӣ?
— Дора-ам, зиёдтар аз он ки ту пиндорӣ!
— Пас чаро қасди хеш набистонӣ? Харобаву сўхтаи Отин магар аз мадди назарат дур шуда?… Ай Искандар! Ту шоҳи хурд нестӣ! Шоҳи бузург ҳастӣ! Аз Мағриб то Машриқ дар тасарруфи туст. Ҳама чашм ба даҳони ту доранд, то чӣ фармойӣ.
— Бардошт бикун…
— Магар оҳанги лашкар кашиданат интиқом нест? Магар ин ниятро Филиппи бузург мерос нагузошта туро?
— Оре, гузошта…
— Вақт аст, то васияти падарро баҷо орӣ…
— Ман инро донам, Тойис. Аммо худоён чӣ гўянд?
— Худоён андохта ба дили ту чунин оҳангро!
— На… Ман писари худостам… Маро гуноҳи кабира бошад харобӣ…
— Ту фармо, дигарон иҷро кунанд…
— На-а-а, Тойиси нозанин! Ҳарфи ту пеши ман ҳукм бошад, лекин мардуми Эрон, ки ин қадар донодил ва боҳунаранд, чӣ гўянд ба чунин гуноҳи мо?
— Чӣ гўянд? Интиқом гўянд… Бар ивази кирдорҳои Хишоёршоҳ гўянд…
— Сабр бояд кард, то устоди хирадманд Арасту чӣ фармояд.
— Сабри ту пушаймонӣ орад… Агар қасдат оташ задани Персопол набуд, чаро дар домани пардаҳо авроқи «Авесто» дўхтӣ?
— Осон мапиндор, Тойис, зиддиятҳо зиёданд…
— Барзин?
— На!
— Барзин нахоҳад, ки марзи аҷдодии ўро оташ занӣ?
— На, дигаронанд, бузургтаронанд.

пешина
аз 391
навбатӣ