Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Диранг накун, ки пушаймон хоҳӣ шуд. Вақтест, то шамъ ба даст гирӣ…
Искандар сахт ба сукут рафт. Сар андохт. Тойис ҷоми ў моломол кард ва дарёзид сўйи шоҳ. Искандари бехуд ба сар кашид шаробро ва ҷом паси сар андохт, ки садояш аз пушти тахти зарнигор омад.
Барзину Биталомусу дўстони зиёд гумон доштанд ҳисси шаҳвонии шоҳ боло гирифта, аз ин рў бешармона бо гетери сабукпо миёни афсару аскар чунин рафтор кунад. Вале канортар Пармониёни дилогоҳи дертар ба толор омада муроди ононро дарёфта буд ва аз анҷому оқибати сўҳбати онҳо метарсид. Ва намехост ин базми зебои ройгон афтода ба ҳамҳамаву гирўдори бемаънӣ бадал шавад. Ҳолиё на танҳо гетерҳо, балки афсарон ва сарбозони баргузида низ ҷуфти хешро пайдо карда, мерақсиданд, ки аз Юнону Мақдуниё ва Шушу Бобул ҳамроҳ оварда буданд.
Тойис ширин бихандид сўйи шоҳ ва ўро хуш омад; сархушона ҳаваси ин пойкўбро кард. Чун гетер ҳавасу рағбати шоҳро дарёфт, шамъи паҳлўи чапи боргоҳро бардошт ва дарёзид ба шоҳ. Чун раққоса хушаш омада буд ва ҳавасашро ангехта, миёни майлу муроди ўро нашикаст. Тойис шамъи дигарро гирифт аз пешгоҳ, омад ба зергоҳ ва ноз кард:
— Ай шоҳи бемаргу анўша! Агар аз гувоҳии таърих битарсӣ, маро бибардор рўйи дастон, то поён пазирам ин достонро!
Искандарро хуш омад чунин хоҳиш, ки иштиёқи бардоштани гетери ҳангомахоҳро дошт. Андешаву мулоҳиза ҳам накард. Ўро бубардошт рўйи дастон ва бибурд назди тиреза. Тойис шамъи дасти шоҳро низ гирифта, дар ду даст шамъ медошт. Пушт андохт сари хеш ба ноз. Шамъи дастон дарёзид сўйи парда. Парда оташ гирифт ва пўст аввал дуд карду бўй баровард. Дуди ғализ ва бўйи нофор зуд фаро гирифт сароро.
Ва Искандари беёд Тойисро мебурд парда ба парда…
Безобита гаштанд базмиён; машъалҳо бардоштанд сарбозон, рафтанд ба толорҳои дигар. Ҳанўз ҳам Искандар парда ба парда мебурд Тойисро. Аз шамъи дастони ў пардаҳо аланга гирифтанд, забона заданд, то боло оташ афтид дижро. Чўбу тахтаву болору вассаву сарсутунҳои чўбӣ фурў рехтанд… фурў мерехт дижи порсӣ… Месўхт санг…
Мағзу маркази давлати Эрон месўхт, чунон ки замоне аз оташи ғазаби Хишоёршоҳ шаҳри Отин сўхта буд.
Шоири нобино чанде пеш бўйи сўхта шунида буд. Ҳолиё гармии оташро эҳсос мекунад ва даст меёзаду мепурсад: «Рост аст, ки оташ фаро гирифта покбумро?!»
Вале гармии оташ ҷисми ўро коргар нашуда садое меояд:
«Ай бузургмард! Бархез, то аз ин марз бурун равем, ки оташи Сикандар хокро сўзад!»
Сар афшонад донодили нобино:

пешина
аз 391
навбатӣ