Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Ба ҷое нахоҳам рафт. Ҳамроҳи ин марзу бум ва ин маъбаду куҳандиж ва ин хок хокистар хоҳам шуд…»
Ангушти ҳайрат газиданд ҳамдиёрон ва писари марди покдил ба пойи падар афтод:
— Ай падари бузургвор! Сўхтан то чанд?
Пиронасар садои писар шунид ва даст пеш бурду сари писар дарёфт ва ба сари сина пахш кард:
— Чун дар ин марзу бум як мард намонда, ки дами шамшери ин хунхорро бигирад, авлотар бувад сўхта мурдан аз шиканҷаи асирӣ дидан!
Писар натавонист чизе гуфтан. Оташу аланга фаро гирифт Эроншаҳрро. Гирди кулбаи пирмард пешдаргирон гузоштанд, то оташ зананд. Ҷилави Искандар бозгирифтанд ва гуфтанд:
— Ай Искандар! Ин ибодатгоҳро оташ мазан!
— Чун?
— Ҳакимест андаруни он.
Искандар фармуд, то ҳакимро биоваранд.
Ҳакимро пеш оварданд. Рў ба рўйи шоҳ гузоштанд. Ҳакими ҳаросон миҷҷа мезаду чизеро намедид. Ҳаросон буд, то бо чӣ анҷомад чунин дидорбинӣ.
Искандарро хуш наомад ҳаким. Зеро лоғар, пурмўй, нобинои сапедчашм ва зишт тофт ба назараш. Ва нафрин кард:
— Бо чунин зиштрўйӣ чун тавонад ҳаким бошад ин пир?
Ҳаким сари бардошта бардошт, сўйи садо нигашт ва бо кўрии хеш дарёфт чӣ кас будани шоҳро ва фармуд:
— Ай Искандар! Ту, ки аз дуриҳо умед кашида марзҷўву зарҷў то ба ин ҷо расидӣ ва зоҳирбин будайӣ, масале гўямат дар ёд гир:
«Кор шамшер кунад, на ғилоф!»
Искандар даст боздошт аз оташ задани кулбаи ҳаким ва дер андешиду таҳлил кард мақоли гуфтаи шоирро...
… Вале марз месўхт. Болорҳо сўхта футур мерафтанд, бомҳо фурў мерехтанд. Зарфҳои зарин зери хок мемонданд… Дар чунин ҳолат ҳам сарбозони носер ҳар чӣ ба дасташон афтад, аз миёни оташ мерабуданд…
Гунбади қасру ҳараму кирёсу мушку ва маъбаду бурҷу бораҳо яксон мешуданд ба замин, гўё гунбади сабзи фалак фурў меомад ба сари мардум. Пароканда шуд халқ; канора бирафт. Аз дур медид, ки забонаи оташ сўйи само теғ кашида, садои қарс-қарсу чарс-чарси сўхтани дижи шоҳони порсӣ гўшкар баланд шуд. Касе надидаву нашунида чунин ваҳшониятро.
Хушнуд буд Тойис, ки Персопол ба Отин монанд мешавад:
нигол ва хокистари тираранг боқӣ хоҳад монд аз дижи шоҳаншоҳӣ. Ў аз рўйи дастони Искандар фурўд омада буд; паҳлўи шоҳ мегашт, ки баргузидаи Искандар аст. Гўё бовафотар аз ў касе нест шоҳро…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор