Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва Барзин ба гардунаи шоҳӣ рафта, гўяву мўя дорад ва лаънату нафрин хонад Тойиси маккораро, ки аз зиндагии шоҳонаи эронӣ маҳрумашон сохт… ва …
Пармониёни пир ҳарчанд фарёд мезанад, ки оташро хомўш кунед! Касе садояшро намешунавад…
Ногоҳ чашми Искандар сипаҳсолори пирро афтод, ки тамоми кувва ва сиву ду рагу пайро як карда наъра мезанад: «Хомўш кунед оташро!» Искандар ба худ омад аз ин садо. Дид оташу сўхторро.
Ҳушёр шуд, низ наъра зад:
— Хомўш кунед оташро!!!
Сипоҳи мақдунӣ ва юнонӣ ва кироя шуниданд садои ўро ва ҳама майл карданд ба оташнишонӣ. Вале муҳол буд чунин оташро хомўш кардан. Гирўдоре шуд гаронтар аз ҷанг. Кӣ хок мепошид оташро ва кӣ об мезад… Сарбозон аз истахри паҳлўи диж об мекашонданд дар ҳар чизе, ки имкон дошт. Онҳо аз дами диж то истахр нах кашида даст ба даст дар хўдҳои фулузии хеш об мекашиданд, ки шутурро бо кафлес об медода бошанд. Қасри шоҳон месўхт. Фармони шоҳ Тойисро ба ҳайрат наовард, зеро раққоса корашро карда буд… Вале Искандари хомхаёл пушаймонӣ дошт.
Коре кард нобахшиданӣ. Хуб буд, агар чанд муддат дар қасри шоҳӣ мезист шоҳона. Зоҳиран гирифта буд ҷиготаш, лекин дар дил хуррамӣ дошт, ки ҳама ганҷи порсӣ рафт сўйи Мақдуниё ва ў дод ситонд.
Бо давлу машку зарфҳои зарину мисину симини ғаниматафтода ва кулаҳхўдҳои фулузӣ ва оҳанӣ об мекашиданд аз истахр.
То даст ба даст, рехтаву пошида аз осемасарӣ, ба оташгоҳ мерафт, ки ҷуръае мемонд ё намемонд. Баъзеҳо аз зудсозӣ, шитобкорӣ ё нодилхоҳӣ ва ё барқасд зарф ба зарф зада, обро пош медоданд ва зарфи тиҳӣ сўйи толоб бозмегардониданд.
Месўхт диж ва месўхт мушкуи шоҳӣ, ки гўйӣ равған дошт.
Аллакай баъзе толорҳо сўхта, хокистар гашта, аз онҳо пай ва қафасаҳои сангӣ боқӣ монда буд. Сутунҳои мармару рухом ва хоро аз дуда сиёҳ гашта, зебу зинати худ гум карда буданд. Аз Офтоб низ ҷило надоштанд; забонаҳои оташи баланд ҳам мунъакис намегаштанд. Ва ҷо-ҷо нақши обҳои пошидаву шорида сурати хатти «Авесто»-ро дошт. Искандар чу чуғзи пайваста дар даҳонаш обу дар забонаш оташ канортар аз дами оташу дуд «чуғ!» мегуфт; ба назар хароботро месутуд ва ошёни хешро оташ медид… Ва гоҳе пушаймонӣ дошт: «Бинишонед оташро!» мегуфт, то аҳли башар дилсўзиву адолати ўро донад ва нафрин нахонад…
… Вале оби истахр якбора аз сари толорҳои диж резанд ҳам, муҳол буд фурў нишондани оташи аждарнафас, ки ҳама чизро фурў мебурд ба коми хеш. Пораҳои сўхтаи латта ва авроқи «Авесто» бозӣ мекард андар фазои Эроншаҳри оташгирифта.
Сўхтапораҳои бевазну паризоғӣ ба дами дуду забонаи оташ фурў омада, аз нав пуршаст боло мешуданд ва лапон-лапон рўйи шаҳр пароканда мегаштанд.

пешина
аз 391
навбатӣ