Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хости Ҳурмузд буд аз барои китоби муқаддас ва дижи шоҳаншоҳӣ, ки нам-нами борон омад. Хеле дер ва хеле суст, ки андар дами оташи аланга гум мешуд ва ё месўхт. «Чу оташ ба беша афтад, тару хушк баробар сўзад.» Диж ҳамчунон месўхт; ҳатто санг. Ва сутунҳои доршакл оташ гирифта буданд, ки нафт пошида бошанд.
Об намерасид. Онҳое, ки аз ҳама баъд кулаҳхўдҳои беоб ва камоб ва зарфҳои дар таҳ андаке обдошта ба дасташон меафтид, обдонҳоро якҷоя бо оби ночиз бар оташ меандохтанд ва ё оби бударо ба сари тафсида ва арақшори хеш мерехтанд, то сару рўяшонро оташ набардорад. Дигарон низ арақшор буданд аз гармӣ, аз ҳаяҷон, аз тарс, ки Искандар ин ҳама беҳунариро бар сарашон бор набандад. Ҳатто онҳое, ки аз сардобаи истахр об мекашиданд, чунин ҳолатро доштанд.
Ҷое аланга буд, ҷое оташ забона мезад, ҷое нўкчўбиҳои миёни деворҳо монда дуд мекард, ки ниголаш лух гирифта, аз нав фурўзон мешуд. Оташ забонаи сурхашро сўйи кўҳи паси ҳисор биёзид, то сангҳои офтобсўхтаи кўҳи паси дижро оташсўхта гардонад.
Хароба боқӣ монд. Хароботи сиёҳу сўхта. Болорҳои нимсўхта аз зери хокистар дуд мебароварданд; сутунҳои сангӣ низ дуд мекарданд; кунгураву бошаҳои сари шеру ғажговҳоро аз восўхтаҳои чўбӣ фарқ кардан душвор буд; сиёҳи зуғол буданд…
Нақши болдори Куруш миёни толор наметофт: ё зуб шуда ва ё ба осмон парвоз карда. Худованд пайкари расули хешро бардошта назди фариштаи болдор ба баландтарин туи осмон, ки нишони дирафши ў мурғи баландпарвоз уқоб буд. Тахт сўхта, тоҷ сўхта, дин сўхта оин сўхта… гўйӣ оташпарастон дар оташ сўхта, оиннома ва муқаддасот сўхта…
Нам-нами борон ашки каёни порсӣ буд, ки ба марги салтанат ва тахти фохири хеш мегиристанд.
Оташу нам-нами борон сиришту рўҳу дарунберуни Искандарро мемонд, ки аз оташ шод ва аз нам-нами борон андўҳгин менамуд…

пешина
аз 391
навбатӣ