Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

КИТОБИ ЧАҲОРУМ
БАХШИ ҲАФТУМ
БАНДИ ЯКУМ
Оинаи Сикандар ҷоми Ҷам аст бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро.
(Ҳофиз)
Шоҳи ҷаҳонхоҳ Искандари Мақдунӣ чун аз кўҳистон комгор нагашт ва зару сим ба даст наовард, олуғда ва сарзада гашта, аз чорпову ҳар ғанимати пешомада рўй наметобид. Рўзон тохт меоварду тороҷ мекард ва шабон аз бими шабохуни кўҳистониён ба хароботи Тахти Ҷамшед бармегашт.
Ва дар чунин ҳолату айём, ки Искандар ба танг омада буд ва бароре надошт, номаи навбатии устодаш Арасту даррасид:
«Ай Искандар! Агар ту пешаи куштани мардумони Эронро дорӣ, ин корест, ки тавонӣ бикунӣ. Аммо бидон, ки чунин мардумонро, ки Эрон дар домони худ мепарваронад, низ метавонӣ бикушӣ. Вале ҳаргиз натавонӣ обу ҳавои сарзамини Эронро, ки чунин мардумро ба бор меоварад, дигаргун созӣ.
Пас чора ҷуз он набувад, ки бо меҳрубонӣ ва накўкорӣ мардуми Эронро фармонфармойӣ бикунӣ. Дилҳои мардуми Эронро ба даст оварда ва он мардумро дўстдори хеш созӣ, подшоҳии ту кишвари Эронро пояндатар хоҳад буд…
Ай Искандар! Борҳо таъкид кардайӣ, ки Шарқро надида мурдан, ҳеҷ чизро надида мурдан бувад. Ман ин чизро донам. Вале даъвати туро натавонам пазируфтан. Зеро он чизҳое, ки ту ҳолиё мебинӣ, ман кайҳо дидаам. Ва боз ҳикояҳои бародарзодаам Коллисфенро хонда аз бисёр чизҳо ва набардҳову барори ҷангии ту огоҳ хоҳам шуд. Вале ту бикўш, то ба чунин диданиҳо, шуниданиҳо ва фарҳангу ҳунари порсиён сазовор бошӣ. Бо мардум, бавижа бо пирони донодил гуфтугўй бикун ва гўш бидеҳ…»
Искандар бар тахти сангин нишаст, ки тахту бахти мардуми кўҳистон аз санг буда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор