Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Сар ба каф гирифту андешид, ки магар бадномие карда миёни мардуми Эрон, то хирадманд Арасту аз он дуриҳои дур пай бурда рафтору кирдори ўро. «Медонистам нияту посухи устодро… Дер омад андарзномааш. Бехабар аз шаби сиёҳи Тахти Ҷам… Кори ношуданӣ шуд. Бардошта нашавад оби рехтаро… Ин ҷо Дориюш гунаҳгор аст. Агар ў ҷавҳари мардӣ дошт ва ҳазимат накарда буд ва маро чун сайёд аз паси хеш намебурд, бар асараш нарафта будам. Ба ин дуриҳо нарасида будам. Маро чӣ зарурате буд, ки бар чунин санги сахт бинишинам; устоду модарамро ёд кунам; дар бораи кадом гўри гурезон андеша ронам? Устод Арасту аз хондаҳояш дар бораи ашрофзодагон, донишмандон ва файласуфони шаҳрнишини Эрон мегўяд. Аз куҷо донад, ки Эрон деҳнишин, чодарнишин, кўҳнишин ва барбарҳои тангназар низ дорад; онҳо бо ҷаҳлу ғазаб ва тундӣ, эҳсосоти баланди ватандорӣ марзи хешро дифову ҳимоя карданӣ шаванд, вале ақлу фаросат, дониш ва зўру тавонашон ба давлатдорӣ нарасад. Бештар ба асптозӣ ва шубонӣ мувофиқтаранд.»
Ин замон ки рўйи тахтасанг менишаст ва сипоҳиён пароканда дар кўҳсор буданд, шоҳ шубонеро мемонд, ки дар бораи тўли мол ва бару суди имсолаи рама андеша дошт. Бўйи овшини навруста зад ба машомаш ва чун навшотир ба ҳуш овард. Вале дилаш шукуфтан надошт. Ҳанўз ҳам ба димоғаш бўйи сўхта ва дуди ғализ меомад ва биниву гулўро хориш медод. Пеши чашмаш сутунҳои сиёҳи куҳандиж восўхтаро мемонд. Ба назараш аз гўшаи вайронае зӣ-зӣ ва мў-мў дуд мебаромад…
Аз замони Ҷамшед то имрўз ягона соле буд, ки эрониён Наврўзро ҷашн гирифта натавонистанд. Ва Искандар ҳам ба ин чиз сарфаҳм нарафт. Маъбади модари Сулаймон – Ноҳид ва гўри Куруши Кабир зиёрат накарда монд. Агар касе дуздиву пинҳонӣ рафта бошад, он ҳам аз мардуми кўҳистон буд. Базму айшу ишрат ва муошират бо дўшизагон ба дили шоҳ зада буд, инчунин истироҳату фароғати зиёд. Номаи таҳдидии Арасту ўро бедор кард аз хоби гарон. Майли бо пирони донодили эронӣ гуфтугў кардан пайдо шуд ва фармуд он пирро аз кулбаи назарногираш бозоранд.
Аммо ҳакимро аз кулбааш пайдо карда натавонистанд. Искандар қатъӣ амр кард, то ўро пайдо кунанд ва ё аз қисматаш огоҳ гарданд, ки сабаби ғайб заданаш чист? Баъди чанд муддат оварданд, ки ҳаким аслан кўҳистонӣ буда, боз ба кўҳистон баргаштааст.
Искандар сари таассуф андохт ва гуфт: «Шояд донандатар аз ў касе набошад дар эроншиносӣ?» Ва номаи таъкидии Арастуро ба инобат гирифта, рўзе бо чанде аз доноён ва бохирадон сўҳбат мекард ва киву чӣ будани эрониёнро донистан мехост. Аз боби расму оин, дину диёнати эрониён, илми ситорашиносӣ, суратҳои насноси Порс, нақши ҳайвонот, сулолаи ҳахоманишиҳо ва бисёр чизҳои дигар сўҳбат мекард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор