Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар: — Оё шумо мўътақид ҳастед, ки ситорагон дар қисмату сарнавишти инсон нақше доранд?
Эрониён: — На. Мо қудрати ситорагонро дар нақшу қисмати инсон мушоҳида накардаем.
Искандар: — Вале мо юнониҳо эътиқод дорем ба ситорагон…
Шумо аз кадом наҷод ҳастед, ки бовар ба ситорагон надоред?
Эрониён: — Аз наҷоди ориёйӣ.
Искандар: — Аслан дар ин сарзамин ба вуҷуд омадаед ва ё сокини минтақаи дигар будаед?
Эрониён: — Мо омада ҳастем. Аз Порту Суғд будаанд ниёкони мо. Аз ҷое ки «Биҳишти заминӣ» гўянд.
Искандар: — Магар Аҳриман шуморо аз биҳишт ронда?
Эрониён: — На. Чун замоне он қитъаро об пахш кард ва яхбандӣ шуду «Биҳишт» хароб, ҷадди мо кўч ба ин ҷо баст.
Искандар: — Чӣ сабаб шуда, ки маҳз аз ин ҷо манзил гузидед?
Эрониён: — Ин мулк шабеҳи «Биҳишти заминӣ» буда, асбпарварӣ ва гўспанддориро мувофиқ.
Искандар: — Шумо асбпарвар низ ҳастед?
Эрониён: — Оре, асбпарвар, гўспандпарвар ва кадевар.
Искандар: — Чӣ гуна бувад саромади оли Ҳахоманишиён?
Ин бор ба пурси шоҳи мақдунӣ Хоҷа Урсинас, ки бо сулолаи Ҳахоманишиён сару кор дошт ва хеле хуб медонист тухмаву решаю шоху барги шаҷараро, посух бидод:
— Ҳахоманиш ҷадди Куруш бувад. Сулола аз ин исм ном гирифта. Куруш аввалин шоҳаншоҳи Эрон бувад, ки миллату халқиятҳои Порсу Модро ба ҳам овард; давлати бузурги Порсро сохт; адолат пеша кард, ба бузургӣ расид. Ўро Хуршед низ ном мебурданд. Ба Ғарбу ба Шарқу ба Шимол ҷанг кард дар роҳи адолат. Яҳудиёнро аз зулми бобулиён озод кард ва ду бор Байтулмуқаддасро аз дасти душманон бозгирифт ва аз нав барқарор кард… Оқибат аз дасти зане дар ҷанги Шимол, ки ўро Томириси Сакойӣ мегуфтанд, кушта шуд… Ҷанозаи ўро мувофиқи васияташ, ки Ноҳидпараст буд, аммаписараш Дориюши Аввал аз мулки масагетҳо бозовард ва ана дар он бари кўҳ, ки менамояд, ба хок супурд… – бо ишораи даст самти офтобиро намуд Хоҷа Урсинас.
Искандарро ҳавас зиёд шуд ва рағбат афзуд:
— Бисёр шунидаам ва зиёд хондаам. «Киропедия» асарест аз рўзгор ва набардҳои Куруши ҳахоманишӣ. Дар он китоб омада, ки Курушро бо зару сими беҳисоб гўрондаанд…
— Дуруст аст, – гуфт Урсинас муроди шоҳи зарҷўро дарёфта:
— Бо се ҳазор толон зару зевар…
Искандар хомўш монд; гарчӣ пурсиданиҳои зиёд дошт, дам ба дарун гирифт, то Хоҷа лаб фурў бандад. Ў дида ба нуқтае дошт, ки Хоҷа Урсинас бо ангушти ишорат намуда буд.

пешина
аз 391
навбатӣ