Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Метофт чизе гаҳворамонанд дар бари кўҳ. Ва шоҳ якбора майли кўҳ кард.
Дасту рўй дар истахри паҳлўи диж шуст, ки обаш зери замин ҷорӣ буд. Искандар чун донандаи қиссаҳои тухмаву дудмони ҳахоманишиҳо Хоҷа Урсинасро ҳамроҳ гирифт. Инчунин горди махсус ва «Дўстон»-ро. Роҳӣ шуд сўйи маъбади Ноҳид ва машҳади Куруш.
Чунон ки Хоҷа Урсинас фармуда: «Дориюши аввал ҷанозаи шоҳи Кабирро аз Порт ба Порс овард ва се рўз дар толори Хоса нигоҳ дошт, то мардум видоъ кунанд. Баъд ба маъбади модари Сулаймон Анаҳито овард ва бо тобути тилло ба хок супурд.
Андар он мавзеи хомўшон оташкадае буд, ки тори манори он оташ меафрўхтанд, бинои дигаре вуҷуд надошт. Сабза руста буд.
Гули баҳман хазон гашта, ҷо-ҷо дар теппаҳои домани шахҳо гули наврўзӣ зарду сапед метофт ва сияҳгўш. Ва ин маконро «Биҳишти оромиш» ном ниҳода буданд.
Гўрхонаи Куруш дар васати боғҳои шоҳаншоҳӣ воқеъ бувад.
Ва онро аз ҳар тараф анбўҳи дарахтон ва ҷўйборҳо ва чаманҳо дар иҳота дорад. Бино рўйи пояе аз сангҳои бузург қарор гирифта ва ба тоқе мунтаҳо шавад, ки мудохилаш хеле тангу кўчак аст.»
Наъши Курушро дар тобуте аз зар гузорда ва тобутро бар мизе, ки пояҳояш низ аз зар буд, қарор дода, онро бо порчаи нафиси бобулӣ ва қолиҳои арғувонии эронӣ ва либосҳои модӣ ва ҷомаҳои рангоранг, аз ранги ёқути зард ва ғайра – бо тавқҳо ва ёраҳо ва зиннатҳое аз зару сангҳои гаронбаҳо пўшида буданд.
Пилаҳои дарунӣ ва утоқи кўчаке, ки мутааллиқ ба муғҳо буд, онҳо ҳимоят мекарданд. Хонаводаи ин муғҳо аз замони фавти Куруш посбони наъш буданд ва ин имтиёз ба онҳо ихтисос дошт.
Шоҳ ҳамарўза як гўспанд ва миқдоре орд ва шароб ба онҳо медод.
Ва ҳар моҳ як асб рўйи қабр қурбонӣ мекарданд. Дар пештоқи гўрхона катибае бо хати мехии забони порсӣ набиштае низ буд:
«Ин ҷост оромгоҳи ман, Куруш, шоҳаншоҳ…» ва баъди дидан ва хондани катиба Искандар фармуд дар паҳлўи он бо хати порсӣ, вале забони юнонӣ ин набиштаро бори дигар бинависанд. Катиба дузабона шуд.
Шоҳ Искандар беқарор буд, то кай ба гўрхонаи Куруш ворид гардад ва зару зеварро дарёбад. Вале худдорӣ кард. Испанд сўхтанд, оташ афрўхтанд, ниёиш карданд ва шоҳ барои он ки аз ў гумони бад набаранд, ба зиёрати маъбаду мақбараи модари Сулаймон Ноҳид бирафт. Хоҷаи Урсинас, ки забони юнонӣ низ медонист, ба пойи ў мерафт. Шоҳ бесаброна пурсид: «Чӣ миқдор?»
Хоҷа посух дод: «Се ҳазору…»
Чун аз зиёрат баргаштанд, пораи дигари катибаро дар паҳлўи гўр хонданд: «Эй инсон, ҳар ҷо, ки бошӣ ва аз ҳар куҷо, ки биёйӣ
– зеро медонам, хоҳӣ омад – Ман – Куруш, ки барои порсҳо ин давлати бекаронро бунёд ниҳодам.

пешина
аз 391
навбатӣ