Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ба д-ин муште хок, ки маро пўшонидааст, рашк мабар!!!»
Искандар ба бузургии шоҳаншоҳ имон овард ва сахт муассир гашт, ки дар дунё чунин касон низ ҷаҳондор буда, оқибати онро пешакӣ дарку дарёфт кардаанд.
Искандар гўё ҳама расмиятҳоро ба ҷо овард; бухур дуд карданд ва дигар наметавонист тоқат бикунад. Зудтар гўри Курушро кушодан мехост, то донад, ки чӣ ганҷе нуҳуфта андар тобути ў. Муғбаччаҳои нигаҳбонро бурун овард. Урсинаси ҳолдонро ҳамроҳ гирифт ва ворид гашт ба гўрхона. Ҷуз тахти сангин, пояи зарин ва тобути тиллойӣ чизи дигаре пайдо накард. Ҳамаро такорўй гардонд; устухонҳои дерсолаи шоҳаншоҳро бидид; аз зару зевар нишоне набуд. Ҷойи ин ҳама аз гўри ў як сипари чармии пўсида, шамшери ҳиндӣ ва ду камони сакойӣ баромад; ва порае аз васиятномаи Куруш: «… Фарзандони ман, чун бимирам, тани маро дар зару сим напўшонед ва бо гавҳарҳо маёроед, балки шитобон онро ба хок биспоред. Зеро чӣ саодате болотар аз ин, ки одамӣ ба хок баргардад? Хоке, ки пардозанда ва парварандаи ҳама чизҳои некўст…
Чун ҳама умр дўстдори мардумон будаам, коми ман он аст, ки пас аз марг низ ба оғўши хок баргардам. Хоке, ки мардумонашро ба сони моме накўкор ва меҳрубон аст…»
Баъди шунидани «Васиятнома» Искандар дар ҳолате афтод, ки надонист чӣ бикунад. Донист, ки инсонҳои бузург, ҳатто шоҳони дунёдор ва ганҷдор низ аз он дунё андеша мерондаанд ва ғами фардоро мехўрдаанд. Аммо чунин андешаҳо зуд аз сараш париданд ва хашм ба Хоҷа Урсинас гирифт, ки рў ба рў ўро фиреб кард:
— Чаро фан кардӣ?
— Фан накардаам, шоҳ; он чӣ маро гуфтанд, туро гуфтам…
Сахт нигарист хоҷаро. Урсинас пиндошт бо ҳамин анҷом пазирад кирдор. Вале Искандар дам мекард: ба рўяш сурхӣ дамида, ўро сиёҳ гардонд. Ҳамраҳон чунон гумориданд, ки ҳавояш нарасид; зеро сандуқи кушодаи наъши шоҳаншоҳӣ ҳавои ин ҷоро бояд вайрон бикунад, вале чун дар тобут ҷуз сутухон чизе набуд ва он ҳам хушкида, бўйи ногуворе надошт. Бўйи бухур машомҳоро хуш медошт. Шамшер баргирифт Искандар, ки шамшери гаронвазни афсонавии Ахиллро мемонд.
Зоири гирифтаавзоъ чун донист фиреб хўрданашро, ангушт мушт мекарду месоид ва дандон мефишурд, вале намедонист ба кӣ гўяд дардашро, аз кӣ ситонад аламашро. Зеро қиссаи ногуфтанӣ буд, ки Искандар аз барои тилло гўри кўҳнаро кушуда бошад. Бадномие аз барои зар бузургтар аз ин нахоҳад буд. Ба ҳар ҳол Хоҷа Урсинас медид, ки чӣ гуна бад-бад сўяш менигарад шоҳ. Вале дигаронро чунон рафтор мекард, ки коре нашуда чизе нагузашта; гумони ноҷое низ набуда. Ба баҳонаи ёдгорӣ шамшери гаронвазни Курушро аз гўр бардошт; сипари чармии пўсида ва ду камони сутухонии сакоиро боз ба ҷояш ниҳода, дуру дароз ва бо умеду дилкашол ба тобути зарин нигарист ва бо хаёле…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор